Фазия Кӯфӣ сазовори ҷоизаи Анна Политковская шуд

© AFP 2023 / JOHANNES EISELEВедущая защитница прав афганских женщин, писательница, бывший представитель Бадахшана Афганистана в парламенте страны Фавзия Куфи
Ведущая защитница прав афганских женщин, писательница, бывший представитель Бадахшана Афганистана в парламенте страны Фавзия Куфи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Обуна шудан
Намояндаи пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз барандаи ҷоизаи Анна Политковская шунданаш хабар дод
ДУШАНБЕ, 8 окт – Sputnik. Фавзия Кӯфӣ, раиси Ҳизби мавҷу таҳвили Афғонистон дар баргаи рухномааш навиштааст, ки ӯ барандаи ҷоизаи Анна Политковская шудааст.
Ин ҷоиза ҳамасола ба ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолони озодии баён дар саросари ҷаҳон, ки дар манотиқи ҷангзада кор мекунанд, дода мешавад.
Ҷоиза ба Фавзия Кӯфӣ рӯзи панҷшанбе, 7 октябр супурда шуд.
RAWinWAR навиштааст, ки шуҷоати Фавзия Кӯфӣ, мудофеӣ ҳуқуқи башарро Афғонистон ҷашн мегирад, ки тааҳуди вай ба ҳуқуқи занон, баробарии гендерӣ, ҳуққи таҳсили духтарон ва поён додан ба хушунат ва даргириӣ дар Афғонистон ӯро ҳадафи касоне қарор дод, ки мехоҳанд бо қудрати аслиҳа бар Афғонистон ҳукумат кунад.
Ёдовар мешавем, ки Фавзия Кӯфӣ соли гузашта бар асари ҳамлаи ҷангиёни “Толибон” (гурӯҳи мамнуъ дар русия ва Тоҷикистон) захмӣ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0