Худоҳофизии сафири Беларус бо Сироҷиддин Муҳриддин

© МИД РТГлава МИД РТ встретился с уходящим послом Белоруссии в РТ Олегом Ивановым
Глава МИД РТ встретился с уходящим послом Белоруссии в РТ Олегом Ивановым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Вазири умури хориҷи Тоҷикистон бо сафири Беларус дар Тоҷикистон, ки маъмурияти дипломатиаш ба анҷом расидааст, дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умири хориҷии Тоҷикистон Олег Иванов, сафири Беларус дар Тоҷикистонро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати хориҷа.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи густариши муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ва равобити кишварҳоро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.

“Вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Олег Иванов барои фаъолияти назаррас ва саҳми гузошта дар таҳкими ҳамкории шарокати стратегии Тоҷикистону Беларус изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф муваффақият орзу кард”,-қайд кардааст манбаъ.

Баяд ёдрас шуд, ки чанде пеш раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко Виктор Денисенкоро сафири нави Беларус дар Тоҷикистон таъйин кард.
Сборка тракторов на таджикско-белорусском заводе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Истеҳсоли "МАЗ": Тоҷикистону Белорус ба сатҳи нави ҳамкорӣ баромаданд
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.
Соли 1997 Сафорати Тоҷикистон дар Беларус таъсис ёфта, соли 2011 сафорати Беларус дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.
Дар маҷмуъ байни Тоҷикистон ва Беларус зиёда аз 90 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала