Умар Кремлев, президенти AIBA ба Тоҷикистон омад

© Sputnik / Нина ЗотинаГенеральный секретарь Федерации бокса России Умар Кремлев
Генеральный секретарь Федерации бокса России Умар Кремлев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Намояндаи машҳури тоҷиктабори Русия дар соҳаи варзиш ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Президенти Ассотсиатсияи Ҷаҳонии Бокс (AIBA) Умар Кремлев барои боздид ба пойтахти Тоҷикистон омад, дар ин бора Муҳаммадрозиқ Неъматов дар дар сафҳаи фейсбукияш хабар дод.
Меҳмонро дар фурудгоҳ бо гул, рақсу мусиқӣ пешвоз гирифтаанд.
Дар фурудгоҳ Кремлевро муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров, раиси Федератсияи бокс Бег Сабуров, муштзани шинохтаи тоҷик Раҳим Малахбеков ва Мавзуна Чориева пешвоз гирифтаанд.
Хабар дода мешавад, ки Умар Кремлев дар Душанбе бо раҳбарони муассисаҳои варзишии Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Мақсади асосии ба Душанбе омадан ӯ ҳамкорӣ ва рушди бокс дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2021
Қаҳрамонҳо 100 ҳазор долларӣ мегиранд: эълони ҷоизапулии Чемпионати бокс дар Белград
Умар Кремлев дар Русия таваллуд ва бузург шудааст, аммо гуфта мешавад, ки гузаштангонаш аз ноҳияи Шаҳринави Тоҷикистонанд.
Ёдовар мешавем, Умар Кремлев ба раҳбарии Анҷумани байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) дар иҷлосияи ғайринавбатии ин ташкилот, ки 12-уми декабр ба таври онлайн сурат гирифт, баргузида шуд.
Ӯ дар ин мақом тоҷир ва муштзани собиқи Ӯзбекистон Ғафур Раҳимов, маъруф ба Ғафур-бойбачаро иваз кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала