Лукашенко гуфт, ба зону наменишинад

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксВыступление президента Белоруссии Александра Лукашенко
Выступление президента Белоруссии Александра Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Лукашенко мегӯяд, вазъро дар оянда ҳам муташанниҷ хоҳанд кард, вале ӯ ба зону наменишинад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Белорусҳо бояд иқтисоди кишварро тақвият диҳанд, то ба муқовимати геополитикӣ тоб оранд, гуфт Лукашенко дар мулоқот бо намояндагони Иттиҳодияи ҷамъиятҳои масрафкунандагони Беларус.

"Хунукназар шудем: мо дар инқилоб ғалаба кардем, ҳоло ба истироҳат меравем. Не, азизони ман. Моро то ба зону нишондан, ғам медиҳанд. Аммо ман ба зону нишастанӣ нестам. Агар шумо мехоҳед, марҳамат, аммо бе ман. Мо аллакай худро дифоъ кардем",-гуфт Лукашенко.

Раҳбари Белорус хостори тақвияти иқтисод ба хотири дифои Ватан шуд.
Послание президента россии владимира путина федеральному собранию - live - youtube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Путин аз тазоҳурот дар Белорус ва сӯиқасд ба ҷони Лукашенко гуфт
"Ҳоло ба мо лозим аст, ки ин қитъаи заминро, тавре ки ман аксари вақт мегӯям, барои фарзандон ва набераҳоямон дифоъ кунем. Онҳо ҷои рафтан надоранд. Фикр накунед, ки вақте лаҳистониҳо Беларусро ишғол мекунанд (онҳо инро мехоҳанд), беларусҳо дар ин ҷо сардору раҳбар хоҳанд буд",-гуфт Лукашенко.
Лукашенко қасам хӯрд, ки то мурдан президент намемонад, вале ба як шарт
Сиёсатмадор афзуд, ки "агар мо дар иқтисод, дар фаъолияти "Белкоопсоюз" наҷот ёбем, мо аз ҳеҷ гуна таҳрим наметарсем, на аз лаҳистониҳо ва на аз амрикоиҳо. Мо метавонем посух диҳем".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала