Рубл дар Тоҷикистон боз гарон шуд: фурсате барои иваз кардани пули русӣ

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон боз як сомонӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар нисбат ба сомонӣ эълон кард.
Ҳамин тавр, тибқи нишондоди ин ниҳод, 1 рубл дар кишвар 0.1566 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта ин нишондод ба 0.1556 сомонӣ баробар буд.
Ҳамзамон дар дигар бонку ташкилотҳои қарзии кишвар 1 рубл то 0.1580 сомонӣ мерасад.
Дар мавриди асъори амрикоӣ бошад, он устувории нисбиро нишон медиҳад ва имрӯз низ каме поин рафта, як доллар 11.2950 сомонӣ, тибқи нишондоди БМТ, арзиш дорад.
Қимати пули аврупоӣ низ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, як евро 13.0514 сомонӣ муайян шудааст, ки ин сатҳи рекордии коҳиш дар соли ҷорӣ мебошад.
Курс валют - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Иқтисоддон аз афзоиши рекордии се асъор гуфт, аммо доллар миёнашон нест
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 11.2950 то 11.3200 сомонӣ,
1 евро аз 13.0514 то 13.2000 сомонӣ ва барои 1 рубли русӣ аз 0.1566 то 0.1585 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала