Бе раводид: шаҳрвандони ҶТ ба кадом кишварҳо рафта метавонанд?

© Sputnik Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Бо шиносномаи тоҷикӣ метавон бидуни раводид ба 58 кишвар сафар кард
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Мавқеи Тоҷикистон дар феҳристи "шиносномаи қавӣ" поён рафт, гуфта мешавад дар гузориши пойгоҳи таҳлилии "Henley&Partners".
Бино бар гузориши ин ниҳод, шиносномаи Тоҷикистон 5 зинаро аз даст дода, ҳамакнун дар раддабандии мазкур дар хатти 90-ум қарор дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 58 кишвари дунё сафар кунанд.
Миёни давлатҳое, ки тоҷикон метавонанд бе раводид сафар кунанд, Антигуа, Барбуда, Барбадос, Кабо Верде, Зимбабве, Мавритания ва дигарҳо номбар шудаанд.
Байни кишварҳои Осиёи Миёна мавқеи шиносномаи Қазоқистон хубтар аст. Шаҳрвандони ин давлат метавонанд ба 77 кишвар бидуни раводид сафар кунанд.
Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Эстония  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2019
Раводид бекор мешавад: дипломатҳои тоҷик метавонанд бидуни он озими Эстония шаванд
Ӯзбекистон дар ин феҳрист дар ҷои 92 (56 кишвар) ва Туркманистон дар ҷои 96-ум (52 кишвар) қарор гирифтааст.
Шиносномаи Русия, ки бо он метавон ба 118 кишвари ҷаҳон бидуни раводид сафар кард, дар ҷои 52-юм мавқеъ гирифтааст.
Ҷойи аввалро дар ин раддабандӣ шиносномаҳои Ҷопон ва Сингапур ишғол мекунанд, ки марзи 192 кишвар ба рӯйи шаҳрвандонашон боз аст.
Альпинисты во время восхождения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2019
Раводид осону парвозҳо бештар: маслиҳати дабири ЭКО барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Миёни чор шиносномаи қавитарин инчунин Олмон ва Куреи Ҷанубӣ (190 кишвар) низ қарор доранд.
Раддабандиро шиносномаи Афғонистон хотима медиҳад. Бо шиносномаи афғонӣ метавон танҳо ба 26 кишвари ҷаҳон бидуни раводид ворид шуд.
Феҳристи шиносномаҳо аз соли 2006 инҷониб мунташир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала