Қариб исқоти ҳамл мекарду аз шавҳар ҷудо мешуд: Раҷабова дар бораи сахтиҳо - видео

© Youtube / ORZUАктриса Тахмина Рачабова
Актриса Тахмина Рачабова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Таҳмина Раҷабова - ровӣ ва ҳунарпешаи синамо дар мусоҳибаи ошкоро дар бораи буҳрони зиндагии оилавӣ нақл кард
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳунарманди машҳури тоҷик Таҳмина Раҷабова дар бораи давраи сахти ҳомиладорӣ, бемории коронавирус ва хушию ранҷиш аз шавҳараш дар шабакаи "Youtube ORZU" суҳбат кард.
Ҳунарпеша изҳор дошт, ки вокуниши мардум ба аксҳояш дар замони ҳомиладорӣ ӯро ҳайратзада кард.
Раҷабова нахустин ҳунарманди тоҷик буд, ки аксҳои замони бордориашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки вокунишҳои тундро ба бор овард.

"Ман дар нашр кардани акси ҳомиладорӣ ягон ҷои шарму айб намебинам, чун ин кори табиӣ ва Худодод аст",-таъкид кард Таҳмина.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки агар дар кишварҳои Аврупо чунин кор рух медод, касе чизе намегуфт ва ба гуфти ӯ, худаш низ танҳо ба хотири шод кардани мухлисон бо ин хабари хуш аксҳояшро нашр кард.
Таджикская актриса Тахмина Раджабова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2020
Марги нобаҳангоми падар, хонавайронӣ ва ишқи нав : ногуфтаҳои Таҳмина Раҷабова - видео
Дар баробари ин Таҳмина мегӯяд, ба вокунишҳои тунд оқилона муносибат мекунад, табиати инсонро медонад ва аз суханони корбароне, ки фарбеҳшавии давраи ҳомиладорӣ ва пас аз онро ба баҳс мекашанд, намеранҷад.
Дар моҳи дуюми бордорӣ Таҳмина гирифтори вируси корона мешавад ва табибон ба ӯ ҳушдор медиҳанд, ки кӯдак метавонад бо нуқсон рушд кунад.

"Духтур гуфт, ман бояд худ қарор барорам, ки ин кӯдакро таваллуд мекунам ё не. Гӯё аз сарам оби хунук рехтанд",-гуфт Раҷабова.

Вале ҳунарпеша дарк мекард, ки наметавонад "дилеро ки аллакай метапад, бикушад" ва омода буд, кӯдакро бо ҳама гуна нуқсонаш бузург кунад. Хушбахтона, фарзанди Таҳмина Раҷабова саломат ба дунё омад ва ӯро Халид ном гузоштанд.
Тахмина Раҷабова, ҳунарпешаи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Хуш омадед, писарам: шукргузории Таҳмина Раҷабова пас аз таваллуди фарзанд
Дар моҳи панҷуми ҳоиладориаш шавҳари Таҳмина ба вируси корона гирифтор мешавад ва ин беморӣ ба асаби ӯ таъсири манфӣ мерасоанд. Шавҳари ҳунарпеша наздики як моҳ аз аҳволи зани ҳомилааш хабар намегирад.

"Қариб буд, оила вайрон шавад",-ба ёд меорад Таҳмина.

Вале ҳамаи ин мушкилиҳоро ҳунарпеша ҳамроҳи ҳамсараш ба хубӣ паси сар мекунад ва имрӯз ҳамроҳи хонаводааш хушбах тзиндагӣ мекунад.
Таҳмина ҳамаи ин мушкилотро санҷиши тақдир медонад, ки дучанд муносиботи ӯро бо шавҳар наздик кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Раҷабова пас аз кор дар телевизион ва нақш дар филмҳои "Иродаи зиндагӣ", "Мадраса", "Рафтори бад", "Эделвейс", "12 - соли интизорӣ" ва бисёр филмҳои дигар шуҳрат пайдо кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала