Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Толибон"* ДОИШ-ро "дарди сар" гуфт

© AP / Rahmat GulБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Сухангӯи "Толибон"* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки ДИИШ* барои онҳо таҳдид нест, балки як дарди сар аст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. "Толибон"* гуфт, ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* ба Афғонистон таҳдид намекунад, хабар медиҳад "TOLO News".
Ин андешаро муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққатии ин кишвар, намояндаи расмии "Толибон"* Забеҳллоҳ Муҷоҳид баён кард.

"Мо ДОИШ*-ро таҳдид намедонем, мо онҳоро дарди сар медонем. Дар баъзе ҷойҳо онҳо дарди сар ба вуҷуд меоранд, аммо пас аз ҳар ҳодиса омилони он бартараф карда мешаванд. Мо онҳоро берун мекунем, паноҳгоҳҳояшон маълум шудаанд",-гуфт муовини вазири фарҳанг.

Ба гуфти ӯ, "Давлати исломӣ"* аз пуштибонии сокинони Афғонистон бархурдор нест.
Встреча делегации МИД Узбекистана с и.о. главы МИД Афганистана Амир-Ханом Муттаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Тошканд ва "Толибон"* дар Тирмиз сохтмони хатти барқ ​​ва роҳи оҳанро баррасӣ мекунанд
"Толибон"* дар ҳоле ДОИШ*-ро дарди сар унвон кард, ки мақомоти ҳамсоякишварҳои Афғонистон ва Русия низ борҳо аз эҳтимоли тақвияти ин гурӯҳи террористӣ дар он сӯйи Ому изҳорӣ нигаронӣ кардаанд. Ахиран сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, Маскав аз афзоиши фаъолияти террористии ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"* дар Афғонистон нигарон аст.
Аз ҷумла вай афзуд, ки амалҳои ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар наздикии сафорати Русия дар Кобул афзоиш ёфтааст.
Русия аз фаъолшавии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ муташанниҷ шуд. Дар миёнаҳои моҳи август, дар давраи берун кардани пойгоҳи низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Русия: Вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нисбатан ором аст
Дар ин зимн дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки ба он вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард. Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва аз ин кишвар фирор кард.
* - созмонҳои террористии фаъолияташон дар Русия ва дигар кишварҳо мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала