Тошканд ва "Толибон"* дар Тирмиз сохтмони хатти барқ ​​ва роҳи оҳанро баррасӣ мекунанд

© МИД УзбекистанВстреча делегации МИД Узбекистана с и.о. главы МИД Афганистана Амир-Ханом Муттаки
Встреча делегации МИД Узбекистана с и.о. главы МИД Афганистана Амир-Ханом Муттаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Мавзуи музокироти ояндаи Тошканд ва "Толибон"* масъалаҳои дорои хусусияти тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли барқ ​​ва роҳи оҳан хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тошканд ва Кобул барои гузаронидани музокироти муштарак дар Тирмизи Ӯзбакистон, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст, ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон
Тавофуқ дар бораи ин мулоқот рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни сафари кории раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба пойтахти Афғонистон ҳосил шудааст.
Комилов дар ин сафар бо раҳбарияти Афғонистон таҳти сарварии муовини сардори ҳукумати муваққатии марбут ба масъалаҳои сиёсӣ Мулло Абдулкабир мулоқот кард.
Делегация политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Афғонистон омода аст
Дар ин мулоқот ҳамзамон муовини масъалаҳои иқтисодии сарвазир А. Ҳанафӣ, вазирони нақлиёт ва ҳавопаймоии кишварӣ, корҳои ҷамъиятӣ, энергетика ва захираҳои оби Афғонистон иштирок доштанд.
Дидори алоҳидаи Комилов ҳамзамон бо Вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон"* Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, мавзуи музокироти оянда дар Тирмиз масоили тиҷорию иқтисодӣ, аз ҷумла иҷрои тарҳҳои сохтмони хатҳои барқ ​​ва роҳи оҳан хоҳад буд.

"Ҷонибҳо дар бораи гузаронидани музокироти муштарак дар Тирмиз дар бораи масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли Сурхон - Пули Хумрӣ ва роҳи оҳани Мазори Шариф - Кобул - Пешовар ба созиш расиданд",-гуфта мешавад дар изҳорот.

Ҳамзамон ҷониби Афғонистон омодагии худро барои таъмини амнияти мутахассисони ӯзбек, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳо ҷалб шудаанд, изҳор дошааст.
Ҷониби "Толибон"* аз кумакҳои президенти Ӯзбекистон изҳори ташаккур карда, хостаанд, ки барои бозкушоии суратҳисобҳои Афғонистон дар хориҷ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кунад.
Бино ба иттилои вазорат, намояндаи "Толибон"* қатъиян изҳор дошт, ки ҳеҷ гоҳ ба амнияти Ӯзбекистони бародар аз қаламрави Афғонистон таҳдид нахоҳад шуд.
Мулоқоти сафири Ӯзбекистон дар Кобул Ёдгорхоҷа Шодмонов бо сарпарасти Вазорати корҳои хоиҷии ҳукумати Толибон* Амирхон Муттақӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Наздикии кишварҳои туркзабон бо "Толибон"*: дидори дипломати ӯзбек бо Муттақӣ
Маврид ба зикр аст, ки "Толибон"* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури қаблии Афғонистон тарки кишвар кард.
Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшонро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд ва мавриди таҳримҳои СММ қарор гирифтаанд.
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки мубориза барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала