Зане беш 2 миллион долларро гирифту аз Чин маҳсулот наовард: як ҷабрдида падараш аст

Обуна шудан
Зани ҷавон беш аз ду миллион долларо гирифтаву барнагардонидааст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зани 33-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир кардааст.
Яке аз онҳое, ки мавриди фиреб қарор гирифтааст, падари худи боздоштшуда будааст, хабар медиҳад ВКД.

"Боздоштшуда рӯзи 15-уми майи соли 2020 бо роҳи фиреб ба бовари ҷавони 26 ва падараш марди 50-солаи сокинони ноҳияи Ашт даромада, аз онҳо 640 ҳазору 773 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Халкии Хитой маҳсулоти меваи хушк оварда медиҳад",-афзуд манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, зани боздоштшуда ҳамзамон бо баҳонаи аз Чин овардани маҳсулоти меваи хушк боз аз ду нафари дигар беш аз 1 миллиону 300 ҳазор доллар гирифтааст.
"Гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ аз марди 36-сола 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз марди 38-солаи сокинони пойтахт 1 миллиону 362 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол онҳоро фиреб дода, гурехта гаштааст", - омадааст дар иттилоияи ВКД.
Маблағи дар умум гирфитаи зан 2 миллиону 103 ҳазору 273 долларо ташкил медиҳад.
Такси, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Афвшуда баъди як моҳи озодияш боз ҳабс шуд: Таксиро рабудааст - видео
Инчунин ҷониби кормандони милитсия як марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро низ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир кардааст.
Ӯ бо роҳи фиреб ба бовари марди 34-солаи даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пассат”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
ВКД гуфтааст, ки таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур идома дорад
Лентаи хабарҳо
0