Амонзода бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ вазъи гурезаҳо дар Осиёи Марказиро баррасӣ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМинистр труда и занятости Ширин Амонзода
Министр труда и занятости Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вохурӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба арзёбии эҳтиёҷоти гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар ин самтро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст, ин мавзуъ ахиран дар гуфтугӯи Ширин Амонзода вазири меҳнат бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ матраҳ шудааст.
Таъкид шудааст, ки дар ин дидору гуфтугӯ сардори Хадамоти муҳоҷират, муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, сармутахассиси рушди иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ, машваратчӣ, иқтисодчии калон, сармутахассиси амалиёт, роҳбари бахши рушди устувор, мунеҷери амалияи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодчии калони тандурустӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доштанд.
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Дархости кумаки молии бештари Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул
Манбаъ қайд кардааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои марбут ба арзёбии эҳтиёҷоти гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ, вазъ ва таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт, расонидани кумак инчунин, ташаббусҳои оянда барои таъмини ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон бо инфрасохтори зарурӣ мубодилаи афкор намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҳар ду тараф омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала