Даргузашти нахустин раисҷумҳури Эрон дар Порис

© PixabayСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Абулҳасан Банисадр, нахустин раисҷумҳури Эрон баъди Инқилоби Исломӣ дар ин кишвар даргузашт
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Абулҳасан Банисадр, ки баъди Инқилоби Исломии соли 1979 дар Эрон нахустин раисҷумҳури ин кишвар интихоб шуд, даргузашт, иттилоъ дод хабаргузории ИРНА бо такя ба атрофиёни собиқ раисҷумҳур. Ба иттилои манбаъ, ӯ 9 октябр дар синни 88-солагӣ дар Эрон ҷон додаст.
Банисадр соли 1933 дар оилаи оятуллоҳ Сайёд Насруллоҳ, хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Теҳрон таваллуд шудааст. Солҳои 60-уми асри гузашта ду бор барои аъмоли зиддиҳукуматӣ зиндонӣ шуда, баъдан ба Фаронса фирор кардааст.
Сайид Ибрагим Раиси, президент Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Раисҷумҳури Эрон: давлати Афғонистон бояд фарогир бошад
Бар асоси ҳолномаи нашршудаи Банисадр, ӯ тайи 17 сол дар донишгоҳи Сорбон таҳсил карда ва дарс додааст.
Абулҳасан Банисадр моҳи феврали соли 1979 ба Эрон баргашта, соли 1980 якумин раисҷумҳури интихобшудаи ин кишвар бо роҳи демократӣ гардид.
Аммо соли 1981 Маҷлис, парлумони якпалатаии Эрон нисбати Банисадр импичмент эълон кард. Далели ин иқдом фаъолияташ зидди руҳониёни Эрон арзёбӣ шудааст. Баъди ин Банисадр ба Фаронса гурехта, то охири умр дар он ҷо монд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала