Ҳавои гарм дар пойтахт, борону барф дар баландиҳо: пешгӯии обуҳавошиносон

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Хукумата в Таджикистане
Здание Хукумата в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳаво камабру тағйирёбанда мешавад, аммо дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 18-23 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2200 метр борон ва барф борида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Дар водиҳои ин вилоят гармии он шабона 6-11 ва рӯзона 13-18 дараҷа гуфта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Женщина в медицинской маске на Трубной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Ҳавои вилояти Хатлон авои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Аммо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳои ин вилоят шабона ба 8-13 ва рӯзона ба 18-23 дараҷа гармӣ мерасад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 8-10 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0