Мошин ба дарахт бархурд: Ҳалокати ду мусофир дар роҳ ба сӯи Варзоб

Дтп на трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду мусофир дар як садамаи нақлиётии маргбор дар Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ин садамаи маргбор санаи 8-уми октябри соли равон рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи “Тойота-Камри”, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
ВУД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ин садама, мусофирони дохили автомашинаи мазкур марди 65-сола, духтари ҷавони 22-сола, марди 37-сола ва ҷавони 23-сола, сокинони ноҳияи Варзоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Машина скорой помощи в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Ҳалокати бобою набера: Мошини ҳомили 5 узви як хонавода дучори садама шуд
Ҳамзамон ВУД Тоҷикистон зиикр кардааст, ки мутаассифона ҳангоми ба беморхона дастрас намудан захмбардоштаҳо, дар роҳ мусофирон марди 65-сола ва духтари ҷавони 22-сола ба ҳалокат расидаанд.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса мазкур таҳқиқотро идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0