Муҳофизи собиқи раисҷумҳур гуфт, сабти фирори Ғанӣ бо миллионҳо долларро дорад

© AP / Rahmat GulБывший президент Афганистана Ашраф Гани
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Сармуҳофизи союиқи Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон изҳор доштааст, ки далели фирори ӯ бо миллионҳо долларро дар даст дорад
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Пироз Ато Шарифӣ, роҳбари собиқи муҳофизони раисҷумҳури Афғонистон, изҳор доштааст, ки сабти фирори Ғанӣ бо садҳо миллион долларро дорад. Ӯ изҳор доштаст, ки ин наворҳои дастгоҳҳои назоратии Қасри раисҷумҳури Афғонистон мебошанд, навиштааст Daily Mail аз қавли собиқ сармуҳофиз.
Шарифӣ изҳор доштааст, ки ин далоилро танҳо баъди қарор гирифтанаш дар ҷои амн ҳамрасонӣ хоҳад кард. Таъкид шудааст, ки собиқ сармуҳофиз натавонистааст, саривақт аз Афғонистон берну шавад ва феълан аз ҷангиёни "Толибон"* дар дохили кишвар пинҳон шудааст.
Бронетранспортер НАТО на трассе Кабул-Баграм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
“Куштаву захмии зиёд доштанд”: шикасти “Толибон”* дар Хуҷи Андаробҳо
Бар асоси эълони ҷустуҷӯи Шарифӣ, ӯ бо худ ҳудуди 300 мил силоҳ доштааст, аммо ӯ ин иддаоо рад кардаст. Барои итттилоъ дар мавриди макони будубоши Шарифӣ, як миллион афғонӣ, ҳудуди 11 ҳазор доллари амрикоӣ ваъда кардаанд.
Ин иддаои нашршуда аз қавли собиқ сармуҳофизи раисҷумҳури Афғонистон дар ҳолест, ки Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар кӯчаҳои Кобул тарки кишвар намуд. Ӯ хабарҳои бо худ бурдани миллионҳо долларро рад кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала