Вазорат: Ҷашни Меҳргон дар Душанбе 17 октябр баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевПраздник Мехргон в Душанбе
Праздник Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кард, дар нимаи дувуми моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашни Меҳргон, ҷашнвора ва намоишгоҳи асал, маҳсулоту таҷҳизоти кишоварзӣ ва шолӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Ҷашни Меҳргон дар таърихи 17 октябр дар парки фарҳангӣ-истироҳатии Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ додааст вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин намоишгоҳ беҳтарини навъҳои асал ва ҳамчунин анвоъи мухталифи биринҷ, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон кишт мешаванд, ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷашни Меҳргон кишоварзон аз саросари Тоҷикистон маҳсӯлоти худ, аз ҷумлаи сабзавоту меваҳоро бо қимати муносиб ба фурӯш мегузоранд.
Праздник Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2020
Талоши Эрон ва Тоҷикистон барои сабти ҷаҳонии ҷашни Меҳргон
Дар ин ҷашн ҳамчунин ғизоҳои миллӣ ва саноеъи дастии мардуми тоҷик низ ба намоиш гузошта мешавад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистони ҳадаф аз баргузории ин рӯйдодҳоро эҳёи саноеъи дастӣ ва суннатҳои мардуми ин кишвар унвон кардааст.
Меҳргон аз соли 2009 дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷашнҳои миллии “Наврӯз”, “Сада” ва “Тиргон” ҷашн гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала