Вазорат: Барои назорати сифати хидматрасонӣ ба модарону кӯдакон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфт

Новорожденные дети - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки бо мақсади расонидани кумаки машваратӣ ва мониторинги сифати хидматрасонӣ ба модарон ва кудакон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 09 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои беҳтар намудани сатҳи хидматрасони ба модарону кӯдакон дар беморхонаҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин вазорат.
Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади беҳтар намудани сифати хидматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар сатҳи таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллудии ҷумҳурӣ тавассути расонидани кумаки машваратӣ ва мониторинги сифати хидматрасонӣ дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, дар асоси фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гурӯҳҳои машваратӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
 Младенцы , новорожденные. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Мақомоти Хатлон гуфт, дар рӯзи Истиқлол чанд кӯдак дар вилоят таваллуд шудааст
Зикр шудааст, ки дар асоси фармоиши мазкур, масъулин вазифадор шуданд, ки назорати гузаронидани машваратҳо ва мониторинги фаъолияти гурӯҳҳоро дар зоишгоҳҳо таъмин намоянд.
Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки ин гурӯҳ муваззаф аст, вобаста ба натиҷаҳои мониторинги таваллудхонаҳо ба вазорат маълумоти муфассал пешниҳод кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала