Вокуниши Карзай ба инфиҷори масҷиди шиаҳо

© Sputnik / P. MamaghaniБывший президент афганистана Хамид Карзай
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Обуна шудан
Ҳомид Карзай инфиҷори хунини ахир дар масҷиди шиаҳоро шадидан маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон дар саҳифаи "Твиттер"-аш инфиҷори ахир бар намозгузорон ҳини адои намоз ҷумъа дар яке аз масҷидҳои ҷамеи Кундузро, ки боиси шаҳодат ва захмӣ шудани бисёре аз мардумиАфғонистон шуд, ба шиддат маҳкум кард.
Раисҷумҳури собиқ ин ҳодисаи фоҷиаборро мухолифи тамоми принсипҳо ва арзишҳои башарӣ ва исломӣ номид.
Тафсилоти таркиши масҷиди шиамазҳабон дар Кундуз, тасвирҳое, ки ба Amaj News пешниҳод шудаанд, нишон медиҳанд, ки теъдоди зиёде аз одамон кушта шудааст. Шоҳидон мегӯянд, ки дар натиҷаи таркиш тақрибан 100 нафар кушта шуд.
Ин бори аввал аст, ки пас аз тассаруфи Афғонистон аз сӯйи гурӯҳи “Толибон”* дар вилояти Кундуз инфиҷор рух медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки ахиран гурӯҳи ДИИШ* масъулияти ҳамла ба масҷиди шиъаҳоро бар уҳда гирифт.
*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0