Оғози бунёди роҳи нави мошингард дар Хабости Роштқалъа

© Sputnik / Игорь Онучин / Гузаштан ба хазинаи аксРемонтные работы, архивное фото
Ремонтные работы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Пас аз бунёди ин роҳ сокинони Хоруғ бо об таъмин хоҳанд шуд, чун маҳз дар ҳамин мавзеъ ҳамасола селу тарма ҷорӣ шуда, каналро дар масофаи то 50 метр хароб мекунад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар мавзеи Ғузакдараи деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа роҳи нави мошингард бунёд мекунанд.
Интизор меравад, ки баъди итмоми сохтмони канали мазкур мушкили беобии ҳазорон сокинони маҳаллаҳои шаҳр аз байн бардошта хоҳад шуд.
Роҳро Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят месозад ва он аз миёни кӯҳдоман ва хоросанг мегузарад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
"Ҳоло се техникаву механизмҳои пуриқтидор дар ин мавзеъ кор мекунанд ва то охири ҳамин моҳ роҳи мошингард пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад", - гуфт сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ Қурбонбек Худоёров.
Пас аз бунёди ин роҳ бештар аз 20 хонаводаи мавзеи Ғузакдараи деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа, ки дар наздикии ин канал зиндагӣ доранд, низ ба роҳи мошингард дастрасӣ пайдо мекунанд.
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми нишасти матбуотӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Файзов рӯирост гуфт, ки таъмири роҳи Бартанг кори 10 - сола нест - навор
Канали ба номи Назаршо Додихудоев яке аз каналҳои калонтарини шаҳри Хоруғ аст, ки дарозии он бештар аз 12 километр буда, иқтидори обгузаронии он ба 7 ҳазор метри кубӣ дар як сония мерасад.
Садҳо хонаводаҳои маҳаллаҳои шаҳр ба василаи оби ин канал замини наздиҳавлигӣ, дарахтон, гулу буттаҳои ороишиашонро обёрӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала