Фурудгоҳи Самарқанд баста мешавад: UzAiroports сабабашро гуфт

© Sputnik / Кирилл КаллиниковСамолет Airbus в небе
Самолет Airbus в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Ин майдони ҳавоӣ аз 20 октябр то 20 ноябри соли ҷорӣ баста мешавад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд аз 20 октябр парвозҳоро муваққатан қатъ мекунад, хабар медиҳад "Uzbekistan Airports".
Ин тасмим дар робита ба омодагӣ ба истифода додани маҷмааи нави фурудгоҳ гирифта шудааст. Ин майдони ҳавоӣ то 20 ноябр баста мешавад.
Аэропорт в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Президент дар Хуҷанд бинои нави Фурудгоҳи байналмилалиро ифтитоҳ кард
Гуфта мешавад, ҳама парвозҳо ба дигар фурудгоҳҳои кишвар - Навоӣ, Бухоро, Қарши равона карда мешаванд. Дар он ҷо барои мусофирон ба Самарқанд интиқоли заминӣ ташкил карда мешавад. Интизор меравад, як маҷмааи нави аэродром барои омодагӣ ба нишасти СҲШ дар соли 2022 сохта ва ба истифода дода шавад.
Дар айни замон, як хатсайри нави парвоз бо дарозии 3 105 метр ва паҳнои 60 метр қариб ба анҷом расидааст. Танҳо пайваст кардани роҳҳои такси бо ин рах ва пешдоман боқӣ мемонад. Кор дар давоми як моҳ ба анҷом мерасад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала