Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

СММ ҳамла ба масҷиди Кундузро, ки 150 кушта бар ҷой гузошт, шадидан маҳкум кард

© AP / Wali SabawoonДым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан
Дым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Ин созмон даъват кардааст, ки афроди масъули ташкили таркиши мудҳиш дар масҷиди Қундуз ҷазо дода шаванд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Бар асари таркиш дар масҷиди шиаҳои Саидобод дар вилояти Кундуз, дар шимоли Афғонистон 150 нафар кушта шуд.
Ҳамчунин беш аз 200 кас ҷароҳатҳои гуногун бардошт.
Маълум аст, ки миёни кушташудаҳо ва маҷрӯҳон шумораи зиёди кӯдакону наврасон низ ҳастанд.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
“Даҳшати ногуфтанӣ”: инфиҷори масҷиди шиаҳо дар Кундуз
Аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, ин ҳамларо маҳкум карданд ва ваъда доданд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ"*-ро, ки масъулияти таркишро ба уҳда гирифтаанд, пайдо мекунанд ва ҷазо медиҳанд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳо, таркиш дар ҳоле рух дода, ки яке аз маргталабон дар байни издиҳоми шиаҳо дар масҷид худро таркондааст.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Вокуниши Карзай ба инфиҷори масҷиди шиаҳо
Ин сеюмин таркиши бузург дар муассисаҳои динии Афғонистон тайи ҳафтаи охир аст. Шӯрои Амнияти СММ даъват кард, ки созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

"Аъзои Шӯрои амният ба зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки ин амали террористиро ташкил, маблағгузорӣ ва сарпарастӣ кардаанд, таъкид карданд".

СММ афзуд, ки терроризм "бо ҳама шакл ва зуҳуроти он яке аз таҳдидҳои асосӣ ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аст."
* - созмонҳои террористии фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала