Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар ИМА назарияи ҳайратовари пайдоиши коронавирус гуфта шуд

© PixabayИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Тибқи назарияи ҷадид, аввалин сироят аз коронавирус тақрибан даҳ сол пеш сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Коронавирус эҳтимолан дар бадани як нақбкани чинӣ, ки соли 2012 ба ин вирус мубтало шудааст, ба вуҷуд омадааст. Дар ин бора "Telegraph" бо истинод ба мудири иҷроияи ширкати амрикоии "Bioscience Resource Project Jonathan Latham" хабар медиҳад.
Ба гуфти коршинос, COVID-19 метавонад муддати тӯлонӣ дар бадани инсон рушд кунад ва тағйир ёбад.
"Дар бадани як нақбкан садҳо мутатсия ба вуҷуд омада, боиси пайдоиши Sars-Cov-2 гардид. Даҳсолаҳои рушд тақрибан ба шаш моҳ рост меояд",-гуфт Латэм.
Эмблема Всемирной организации здравоохранения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ аз Урупо талаб дорад, ки ба Тоҷикистон ваксинаҳои "вайрон" нафиристад
Вай қайд кард, ки коронавирус аз намунаи тиббӣ, ки аз нақбканони сироятёфта гирифта шудааст, зуҳур кард.
Маълум аст, ки соли 2012 шаш нақбкан барои тоза кардани партовҳои кӯршабпарак ба кони ғайрифаъоле дар ноҳияи Моҷян фаромадаанд, қайд мекунад Telegraph.
Пасон, онҳо бо сирояти шабеҳи нишонаҳои COVID-19 гирифтор шуданд. Аз шаш нақбкан се нафарашон фавтиданд. Баъдтар, олимони Институти вирусологияи Вуҳан ба кон омада, барои омӯзиши патогенҳо мавод ҷамъоарӣ карданд.
Нашрия таъкид мекунад, ки аз соли 2012 то 2015 дар кон ва гирду атрофи он тақрибан 300 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар байни онҳо онест, ки "аҷдоди" ҳозираи COVID-19 ҳисобида мешавад.
Старт вакцинации от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Нӯшокиҳое, ки фишори хунро паст мекунанд
Ёдовар мешавем, ки пандемияи COVID-19 дар шаҳри Вуҳани Чин моҳи декабри соли 2019 буруз карда буд. Ҳоло дар ҷаҳон ду назарияи пайдоиши коронавирус вуҷуд дорад.
Якумаш ин аст, ки COVID-19 ба одамон аз кӯршабпаракҳо интиқол ёфтааст. Назарияи дуюм пайдоиши коронавирусро аз лаборатория мефаҳмонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала