Мошини Ксения Собчак дар Сочи дучори садама шуд: як нафар фавтид

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкТелеведущая Ксения Собчак
Телеведущая Ксения Собчак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Обуна шудан
Автомашинаи Собчак дар самти муқобили роҳ ҳаракат кард, ки дар натиҷа ба як мошини дигар бархӯрд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар роҳи Сочи садамаи нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад RT.
Ба иттилои манбаъ, садама дар ҳоле рух додааст, ки автомашинаи рӯзноманигори рус ва муҷрии барномаҳои телевизионӣ Ксения Собчак дар роҳ ба самти фурудгоҳ ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи дигар бархӯрд.
Манбаъ меафзояд, дар ин ҳодиса худи Собчак осебе надид, вале як мусофирзани 35-сола ҷон аз даст додааст.
Гуфта мешавад, автомашинаи "Mercedes", ки он ҷо Собчак қарор дошт, самти фурудгоҳи Адлер ҳаракат дошт ва дар нимароҳ ба самти муқобили роҳ баромад, ки боиси сар задани садамаи нақлиётӣ гардид.
Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Ошкоргӯиҳои Манижа бо Собчак: аз посух ба Жириновский то таҳпӯшу нажодпарастӣ - видео
Дар ин ҳодиса як мусофирзани 35-солаи автомашинаи "Volkswagen" ба ҳалокат расида, ду мусофири 28 ва 29-сола шадидан маҷрӯҳ гашт.
Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса ироа нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0