Наздики 25 ҳазор нафар рӯзҳои наздик метавонанд Афғонистонро тарк кунанд

© REUTERS \ Jorge SilvaАфганцы у центра выдачи паспортов в Кабуле
Афганцы у центра выдачи паспортов в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Обуна шудан
Дар Афғонистон додани ҳуҷҷатҳо барои рафтан ба қаламрави дигар давлатҳо оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Афғонистон додани шиноснома ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои берунрафтан аз ватан оғоз ёфт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба Вазорати умури хориҷа, ки аз ҷониби "Толибон"* ташкил шудааст.
Ҳуҷҷат барои сафар ба дигар давлатҳо зарур аст, аммо дар қаламрави Афғонистон сокинони ҷумҳурӣ метавонанд аз кортҳои мушаххаси пластикӣ истифода баранд.
Маълум аст, ки дар рӯзҳои наздик шӯъба қариб 25 ҳазор шиноснома медиҳад. Пеш аз ҳама, онҳоро шаҳрвандон бо маълумотномаи тиббӣ дар бораи зарурати фавран ба хориҷа барои табобат рафтан қабул мекунанд.
Дым от взрыва возле аэропорта в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
СММ ҳамла ба масҷиди Кундузро, ки 150 кушта бар ҷой гузошт, шадидан маҳкум кард
Ба иттилои манбаъ, Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон барои гирифтани ҳуҷҷат 170 ҳазор дархост дорад ва кормандони ин бахш тасмим гирифтаанд, ки дар як рӯз 6000 шиноснома диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, аз субҳи барвақт назди вазорат теъдоди зиёди хоҳишмандон ҷамъ меоянд ва аксари онҳо бо тамоми аъзои хонаводаи худ сарҷамъ мешаванд. Тартиботро дар ин макон намояндагони "Толибон"* назорат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷангиёни "Толибон"*, ки дар Афғонистон сари қудрат омаданд, нияти додани ҳуҷҷатҳо ба шаҳрвандонро рӯзи 5 октябр эълон карданд. Барои анҷом додани ин кор онҳо ба кормандони идораи шиносномадиҳӣ иҷозати ба кор баргаштанро доданд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0