Расонаҳо: "Толибон"* эҳтимол ба яроқи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунанд

© AP / Felipe DanaБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Обуна шудан
Қаблан Амрико ҳадс зада буд, ки ҷангиёни "Толибон"* шояд ба яроқи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунанд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҷангиёни "Толибон"* метавонанд ба таҳаввулоти офаридаи силоҳи ҳастаии Покистон Абдулқодирхон дастрасӣ пайдо кунанд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дод. Физикдони покистонӣ, ки ҳамзамон ба истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ машғул буд, чанде қабл бар асари маризе дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт.
Ба хотири ин олим дар Покистон баргузор кардани чандин чорабиниҳо дар назар аст.
Бояд қайд кард, ки таҳияи барномаи ҳастаӣ дар Покистон аз соли 1956, пас аз таъсиси Комиссияи энержии атомии Покистон оғоз шуд ва Абдулқодирхон соли 1975 барои сохтани бомбаи иқдом кард. Қаблан ӯ дар Нидерланд дар консорсиуми аврупоии URENCO кор мекард.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
"Толибон*" аз натиҷаи музокирот дар Қатар гуфтанд: чӣ тавофуқ ҳосил шуд
Ин бори аввал нест, ки овозаҳо дар бораи дастрасии "Толибон"* ба силоҳи ҳастаӣ пайдо мешаванд. Қаблан, мушовири собиқи президенти пешини ИМА Доналд Трамп оид ба амнияти миллӣ Ҷон Болтон чунин изҳорот дода буд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, арсенали ҷангиён бо силоҳҳои гуногун пур карда шуд. Инчунин, радикалҳо ба авиатсияи ҳарбӣ дастрасӣ пайдо карданд.
*созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0