Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Аз мо нест, ҷаълӣ аст": "Толибон"* эълони миллионии худро рад кард

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Ҳаракати “Толибон”* эълони подоши 1 миллион афғонӣ барои пайдо кардани собиқ фармондеҳи горди муҳофизатии Ашраф Ғаниро рад кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ин ҳаракат бо пахши огаҳиҳои хиёбонӣ эълон карда буд, ки ҳар касе макони будубоши ӯро хабар диҳад, 1 миллион афғонӣ – ҳудуди 10 ҳазор доллар подош хоҳад гирифт.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли мақомоти “Толибон”* хабар дод, ки онҳо ҳамчунин эълон ва подошро рад карда, гуфтанд, ки ин кори мо нест.
"Ин мавзӯъро думбол кардам, “Толибон”* гуфтанд, варақ ҷаълӣ аст ва онҳо нашр накарданд. Вазъият тавре аст, ки кореро анҷом медиҳанд ва мегӯянд, мо нестем. Зоҳиран онҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки фарди мавриди назар дар Афғонистон ҳузур надорад. Аз сӯи дигар, ин эълони онҳо ӯро ҳассостар мекунад, то сахт эҳтиёт кунад”, - гуфт манбаъ.
Қаблан як манбаъ дар Кобул аксе аз ин огаҳии хиёбонии “Толибон”*-ро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, ки аз номи Раёсати истихбороти "Иморати исломӣ" ва бо имзои "Мавлавӣ Шайх Абдулҳамид Ҳамосӣ" дар кӯчаҳои Кобул насб шуда буд.
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Муҳофизи собиқи раисҷумҳур гуфт, сабти фирори Ғанӣ бо миллионҳо долларро дорад
"Шахсе, ки дар тасвир мушоҳида мекунед, генерал Парвиз Шарифӣ, машҳур ба Атомуҳаммад Шарифӣ аст, ки дар гузашта горди хоси раиси ҷумҳур буда ва бисёрие аз силоҳҳои давлатро ғасб намудааст. Ҳар касе, ки дар бораи маҳалли сукунати ӯ маълумот дорад, бо идораи истихбороти Иморати исломии Афғонистон ҳамкорӣ намояд ва барандаи як миллион афғонӣ шавад. Ҳуввияти Шумо маҳфуз мемонад", - омадааст дар огаҳӣ.
Ин манбаъ, ки бо чашмони худ насб шудани ин огаҳиро дар минтақаҳои Кӯчаи Мурғон ва Кортаи Парвони Кобул дидааст, гуфт, афроди мусаллаҳи "Толибон"* онҳоро дар шаҳр насб мекарданд.
Қаблан фармондеҳи горди муҳофизатии Ашраф Ғанӣ ба Daily Mail, як рӯзномаи маъруфи бритониёӣ гуфта буд, ки шавоҳиду мадорики фирори Ғанӣ бо миллионҳо долларро дар даст дорад.
Бронетранспортер НАТО на трассе Кабул-Баграм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
“Куштаву захмии зиёд доштанд”: шикасти “Толибон”* дар Хуҷи Андаробҳо
Парвиз Шарифӣ эълон дошт, ки ӯ сабтҳои камераҳои видеоии қасри президентро бо худ дорад, ки бино ба онҳо, як нафар аз Бонки Марказии Афғонистон қабл аз фирори Ғанӣ пули ҳангуфтеро дар ихтиёри ӯ гузоштааст.
"Сухан аз миллионҳо, шояд миллиардҳо равад. Ин пулҳо барои биржаи асъор пешбинӣ шуда буданд", - гуфтааст Шарифӣ.
Собиқ фармондеҳи горди муҳофизатии Ғанӣ ваъда супурдааст, ки асноди дуздии маболиғро расонаӣ кунад, ба шарте ки дар “ҷои амн” қарор дошта бошад.
Вай натавонистааст аз Афғонистон фирор кунад ва ҳоло пинҳон аз назари “Толибон”* дар дохили кишвар мебошад.
Патруль запрещенной в России организации Талибан на улицах Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
"Қартаи ДОИШ*": "Толибон"* ба қурбонии терроризм табдил мешавад?
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон, 15 август, ҳудуди ҳамагӣ як соат қабл аз вуруди "Толибон"* ба Кобул фирор кард. Ба дунболи фирори ӯ ин иттилоъ низ расонаӣ шуданд, ки ӯ бо 169 миллион доллар кишварро тарк кардааст.
* - созмони мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала