"Толибон*" аз натиҷаи музокирот дар Қатар гуфтанд: чӣ тавофуқ ҳосил шуд

© AFP 2021 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Дар Доҳа феълан музокироти "Толибон"* бо намояндагони чандин кишвар идома дорад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Намояндагони "Толибон"* дар шаҳри Доҳа бо муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ мулоқот карданд.
Дар ин бора муовини вазири иттилоот ва фарҳанг дар ҳукумати созмонёфтаи ҷангиён Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифаи худ дар "Twitter" хабар дод.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони "Толибон" ва Ал Танӣ масъалаҳои рушди шарикӣ ва лоиҳаҳои иқтисодиро баррасӣ карданд.

"Қатар омодаи ҳамкорӣ бо Афғонистон аст. Дар навбати худ раҳбари муваққатии Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ ба ҷониби Қатар барои ҳамкорӣ изҳори сипос карда, ба таҳкими равобит дар оянда таъкид кард", - гуфт Муҷоҳид.

Ёдовар мешавем, ки дар Доҳа "Толибон"* рӯзи дувум бо дипломатҳои як қатор кишварҳо гуфтушунид мекунад. Дар байни онҳо намояндагони ИМА ва Аврупо низ ҳастанд.
Боевики Талибана* с оружием на авиабазе Баграм в Парване, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
"Толибон"* ба Амрико таҳдид кард
Қаблан Вазорати умури хориҷии Қатар гуфта буд, ин кишвар аз амалҳои радикалҳо, ки боиси ноором шудани вазъ дар Афғонистон ва нобуд шудани дастовардҳои 20-солаи ин ҷумҳурӣ шудаанд, ноумед шудааст.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала