Боздошти корманди Суди Олӣ бо даҳҳо ҳазор доллар барои ваъдаи вазифа ва қатъи парвандаҳо

CC BY-SA 2.0 / eFile989 / Mailing Money - PaymentsДоллары в конверте, архивное фото
Доллары в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Корманди Суди Олӣ барои қатъи парвандаву ваъдаи вазифа пул мегирифт
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди Суди Олӣро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст
Ба иттилои манбаъ, Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин, дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, даст ба қаллобӣ задааст.
Гуфта мешавад ӯ дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои ба манфиати охирон ҳал намудани баҳси молу мулкӣ вобаста ба нуқтаи таъмири автомашинаҳо, ки дар баррасии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт пул талаб кардааст.
Сулаймон Султонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Ожонсии зидди фасод аз боздошти ду мансабдори баландпоя хабар дод
Боздоштшуда инчунин дар якчанд ҳолат аз як гуруҳ шаҳрвандон барои пеш аз муҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудан низ пул талаб кардааст.
Ӯ дар маҷмуъ 64.500 доллари ИМА (баробар ба 643.435,65 сомонӣ) ва 210000 сомонӣ талаб карда гирифта, ин миқдор маблағро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба шаҳрвандон зарарҳои махсусан калони моддӣ расонидааст, афзудааст манбаъ.
Оҷонсӣ нисбати Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала