"Фиреб дар мошинбозор": ба маблағи ним миллион сомонӣ худрав гирифта пулро надод

© Sputnik / Амир ИсаевАвторынок в Душанбе
Авторынок в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолати дигари фиребкорӣ дар зимни харидуфурӯши мошин хабар додааст
ДУШАНБЕ, 11 окт - Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ба идораи милиса дар ноҳияи Шоҳмансур мошинфурӯше муроҷиат карда, арз доштааст, ки ҳадафи фиребкоре қарор гирифтааст.
ВУД муроҷиаткунандаро марди 32-сола, сокини шаҳри Душанбе муаррифӣ карда, афзуд, ки ҳолати фиребкорӣ ҳанӯз як соли қабл рух додааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки моҳи августи соли 2020, марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш 5 адад автомашинаҳои тамғаи “Опел-Астра”-ро ба маблағи 540 ҳазор сомонӣ нарх гузошта, нася гирифтааст.
Авторынок в селе Чимтеппа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Боз фиреб дар мошинбозор: харидор пулро намедиҳад
Ба иттилои ВУД, марди муттаҳам мошинҳои тариқи нася гирифтаашро фурӯхта, маблағро то ҳол барнагардондааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шуда, таҳқиқ идома дорад.
Назари худи муттаҳам ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия оварда нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0