Фурудгоҳи як шаҳри бузурги Ӯзбекистон баста мешавад: сабаб

Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Ҳама парвозҳо ба фурудгоҳҳои шаҳрҳои ҳамсояи кишвар сурат мегиранд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд муваққатан баста мешавад. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ширкати "Uzbekistan Airports" менависад.
Ҳамин тариқ майдони ҳавоӣ як моҳ ҳавопаймо қабул нахоҳад кард. Фурудгоҳ аз 20 октябр то 20 ноябр баста мешавад.
Мақомоти кишвар ин тасмимро бинобар омодагӣ барои ифтитоҳи маҷмааи нави ин фурудгоҳ гирифтаанд. Ҳама хатсайрҳои Самарқанд ба фурудгоҳҳои Навоӣ, Бухоро ва Қаршӣ тағйир дода мешаванд.
Мусофирон метавонанд аз Самарқанд ба наздиктарин фурудгоҳ бо истифода аз хатсайрҳои махсус ташкилшудаи нақлиётӣ расанд.
Boeing 777 в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2021
Ӯзбекистон метавонад парвозҳояшро ба Афғонистон аз сар гирад
Ёдовар мешавем, ки маҷмааи фурудгоҳ дар Самарқанд дар доираи омодагии инфрасохтори шаҳр барои нишасти СҲШ, ки соли 2022 баргузор мешавад, сохта мешавад.
Ҳоло мутахассисон сохтмони ,бонди нави парвозро қариб ба анҷом расониданд. Дарозии он зиёда аз се ҳазор ва паҳнояш 60 метр хоҳад буд.
Мутахассисон нақша доранд, ки корро дар давоми як моҳ ба анҷом расонанд.
Барои сохтани фурудгоҳ дар Ӯзбекистон коршиносони пешбари хориҷӣ даъват карда шуда, лоиҳа 62 миллион доллар арзиш дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала