Ҳадаф ва воситаҳои силсилаи нави размоишҳои СПАД дар Тоҷикистон

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийУчения ОДКБ «Взаимодействие-2018»
Учения ОДКБ «Взаимодействие-2018» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Обуна шудан
Дар Осиёи Марказӣ, минтақаи стратегӣ барои кишварҳои СПАД вазъияти мураккаби низомӣ-сиёсие дар ҳоли шаклгирист, ки вокуниши саривақтӣ ва муассир ба таҳдидҳои амниятиро тақозо мекунад.
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Силсилаи нави размоишҳои муштараки низомӣ дар Тоҷикистон шабеҳсозии эҳтимолии низои низомӣ дар сарҳади ҷанубӣ ва усулҳои нест кардани душманро шомил мешавад.
Ба як силсила машқҳои "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон", ки рӯзҳои 18-23 октябр дар Тоҷикистон, дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон, 20-километрии марзи Афғонистон ва Момирак баргузор мешавад, беш аз 2700 нерӯи низомӣ ва 500 адад техникаи шаш давлат - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ҷалб шудаанд.
Дар ин размоиш ҳамчунин нерӯ ва воситаҳои иктишофӣ, нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СПАД ширкат мекунанд ва аз воситаҳои таъминоти моддию техникӣ истифода мешавад.
Беларус ба ин машқҳо 256 низомӣ ва 5 адад таҷҳизот фиристод. Гурӯҳи Русияро 400 мутахассис аз пойгоҳи низомии 201-и Ҳавзаи низомии марказӣ намояндагӣ мекунанд. Манёврҳо ҳамлаи заминӣ ва ҳавоии нерӯҳои ҳавопаймоии Русия ва инчунин бомбаандозҳои дурпарвози “ТУ-22М3”-и Русияро низ шомил мешаванд.
Российские мотострелки уничтожили условные террористические группы на учениях в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
СААД дар пасманзари шадид шудани вазъи Афғонистон дар Қирғизистон тамрин мегузаронад
Зермаҷмуаҳои тирандоз, тӯпхонаӣ, танкӣ ва дигар қисмҳои Русия аз маҳалҳои аҳолинишини Душанбе ва Бохтар то размоишгоҳҳо Ҳарбмайдону Момирак масофаи беш аз 400-километриро тай мекунанд.
Нерӯҳои дастаҷамъии СПАД ба амалиёти муштарак дар як минтақаи биёбони кӯҳистонӣ омодагӣ мегиранд. Онҳо амалиёти низомиро (TVD) дар минтақае аз худ мекунанд, ки дар он ҷо эҳтимоли бурузи задухӯрд бо ҷиҳодиён аз Афғонистон вуҷуд дорад.

Тахассуси маҳдуд дар як ҷабҳаи васеъ

Дар иқдоми аввал амалҳое анҷом иҷроӣ мешаванд, ки мубтанӣ ба иттилооти ҷосусӣ супориш шудаанд. Зиёда аз 400 низомӣ аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар тамрини вижаи нерӯҳо ва воситаҳои иктишофии СПАД "Ҷустуҷӯ-2021" иштирок мекунанд.
Онҳо амалҳои муштарак, назорати қувваҳо ва дороиҳои иктишофиро дар ҷараёни басташавӣ ва нобуд кардани созмонҳои ғайриқонунии мусаллаҳ амалӣ мекунанд. Нерӯҳои ҷосусӣ аз таҷҳизоти нави ҳозиразамони назоратӣ истифода мебаранд: масалан, маҷмуаи радарии қобили ҳамли “Fara-VR” барои шиносоии аҳдофи мутаҳаррики заминӣ (одамон ва таҷҳизот) ва ҳадаф қарор додани силоҳҳои кӯчаки автоматӣ.
Учения Центр-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Артиши Русия террористонро дар марзи Афғонистон бомбаборон мекунад: ҳоло танҳо дар тамрин
Радарҳои хурди "Соболятник" қодиранд, дар як вақт то бист объектро пайгирӣ кунанд, мухтасоти онҳоро бо дақиқии даҳ метр муайян кунанд. Пас аз ошкор кардани душман ҳавопаймои бесарнишини “Орлан-10” ӯро мавриди шиллик қарор медиҳад. Марҳилаи муҳими машқҳои "Ҷустуҷӯ-2021" дар Ҳарбмайдон сурат мегирад.
Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, нерӯҳои вижаи СПАД дар тамриноти муштараки "Ҳамкорӣ-2021" омодагӣ ва баргузор кардани як амалиёти муштаракро дар маҳалли муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар ин созмон, дар Осиёи Марказӣ ба уҳда доранд.
Машқи вижа бо нерӯ ва васоили таъмини моддию техникии нерӯҳои дастаҷамъии СААД "Эшелон -2021" бори аввал дар қаламрави Тоҷикистон (қаблан дар Русия) баргузор мешавад.
Манёврҳои нерӯҳои ақибгоҳ бо иштироки беш аз 500 мутахассис аз қисмҳои ҳамлу нақли қувваҳои мусаллаҳи Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон муваззаф ба фароҳам кардани шароит барои гурӯҳи низомӣ шудаанд. Ҳар як амалиёти низомӣ 90 дарсад аз таъминоти моддию техникии сарбозон (лавозимоти ҷангӣ, сӯзишворӣ, ғизо) вобаста аст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Раҳмон аз тақвияти нерӯҳои СПАД хабар дод
Дар пойгоҳҳои ҷудогона дар ноҳияҳои Тоҷикистон алгоритме барои дастгирии моддию техникии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ таҳия мешавад, ки вазифаи асосии он несту нобуд кардани созмонҳои мусаллаҳи террористии воридшуда ба қаламрави як кишвари узви СПАД аст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар маҳдудаи ин созмон чор машқи муштарак ташкил шуд. Ҳамзамон машқҳои нерӯҳои посдори сулҳи "Бародарии нобуднашуданӣ-2021" дар қаламрави Русия, дар Қазон низ сурат гирифт.
Боқӣ соири тамринҳо “пайванд”-и тасодуфӣ бо марзи Тоҷикистону Афғонистонро надорад. Таъсиси як аморати исломӣ дар Афғонистон "муҷоҳидин"-ро барои роҳандозии фаъолиятҳои террористӣ бармеангезад ва ба амнияти минтақа таъсири манфӣ мерасонад.

Эҳтимоли ҳамла

Дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани “Толибон”* даргириҳо ва ҳамлаҳои террористӣ идома доранд. Шибҳинизомиён мавозеи “Толибон”* дар Панҷшерро мавриди ҳамлаҳои чирикӣ қарор медиҳанд. Дар бузургтарин шаҳрҳои ин кишвар даҳҳо ҷангҷӯи толиб аз сӯйи ҷангҷӯёни ДИ* ҳадаф гирифта ва кушта мешаванд.
Бар асари таркиши масҷиде рӯзи 8 октябр дар Кундуз тақрибан 100 ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Пештар, 3 октябр таркиши муҳибе дар назди масҷиде дар Кобул рух дод ва 20 нафарро кушт. Изи "Давлати исломӣ"*, ки ҳудуди мавҷуди миллиро эътироф намекунад, мушоҳида мешавад.
Сухангӯи “Толибон”* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи 8 октябр гуфт, ки ДИ* таҳдид нест, балки “дарди сар” аст, аммо чунин баҳогузорӣ аз эҳтимол дур нест, ки мунсифона бошад.
Дар пасманзари саркӯби тоҷикон дар дараи Панҷшер дар марзи Тоҷикистону Афғонистон вазъ муташанниҷ мешавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хеле ҷиддӣ дар бораи эътироф нашудани ҳукумати “Толибон” пеш аз ҳама ба хотири давраи гузаштаи ҳукмронии ин гурӯҳро, ки ба хубӣ дар ёд дорад, мегирад.
Военная техника, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Кишварҳои СПАД бинобар вазъ дар Афғонистон нирӯҳояшонро тақвият медиҳанд
Таваҷҷуҳ кунед, ки тоҷикони беш аз 46%-и аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд.
Табодули баёнияҳои тунде аз ҷониби Душанбе ва Кобул сурат гирифт. Роҳбарони “Толибон”* ба вилояти Тахор даҳҳо ҳазор нерӯ фиристоданд. Ҳамзамон сухангӯи ҷунбиш гуфт: “Ин ҷанговарони ҷасур камарбандҳои махсуси тарканда мепӯшанд, ки бо ёрии онҳо таркишҳои пойгоҳҳои амрикоиро дар Афғонистон анҷом додаанд. Онҳо тарсро намедонанд”.
Марзбонони нави афғон бо "камарбанди шаҳидон" барои таъмини амнияти марзӣ таҷаммуъ накардаанд, балки барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ "нороҳатӣ" эҷод менамоянд.
Раҳбари гурӯҳи террористии Ҷамоати “Ансоруллоҳ” *, ки чанд минтақаи шимоли Афғонистонро назорат мекунад, рӯзи 7-уми октябр эълон кард, омодааст, ба Тоҷикистон ҳамла кунад. Ин гурӯҳ 10 сол пеш бо ҳадафи сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ дар Душанбе таъсис ёфта, дар пирӯзии низомии “Толибон” дар Бадахшон нақш дорад.
Ҷамоати “Ансоруллоҳ”* ҷиноҳи ҷангии “Толибон”* ба шумор меравад. Ва изҳороти шадиди Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи иқдомоти қатъӣ дар сурати ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бевосита ба "дафтари сиёсӣ"-и “Толибон”* ирсол шудааст. Оё онҳо мешунаванд?
Бозгашти “Толибон”* ба қудрат дар Афғонистон як мушкили ҷиддӣ барои Русия ва муттаҳидонаш аз Осиёи Марказӣ аст. Маскав амалан аз ҳукумати муваққатии 33 мулло талаб мекунад, ки ваъдаҳои қаблии “Толибон”*, пешгирии афзоиши таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон, қатъ кардани робита бо “Ал-қоида*, ташкили ҳукумате, ки манфиатҳои тамоми ҷомеаи Афғонистон таъмин намоядро иҷроӣ кунад.
Манёврҳои муштараки СПАД дар Тоҷикистон як далели дигари муҳим ба нафъи ислоҳи осоиштаи эҳсосоти ҷангиёни созмонҳои мухталифи радикалӣ дар соҳили чапи Панҷ мебошанд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram” пайвандед.
*-созмонҳои террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0