Ҳалокати ронанда ва ҷароҳати ноболиғон: садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ

© Sputnik / Илья ПиталевДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи дигари маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ хабар додааст, ки рӯзҳои истироҳати гузашта рух додааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, садамаи маргбор дар ҳудуди ноҳияи Деваштич 9-уми октябри соли равон, тахминан соати 15:30 рух додааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-астра", сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе - Чаннок”, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст, изҳор дошт ВУД.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар натиҷа мошини "Опел-астра" бо худрави тамғаи "ВАЗ-2106", таҳти идораи ронандаи 40-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бархӯрдааст.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ"
Мақомот таъкид намудаанд, ки бархӯрд бо марги ронандаи 35-солаи "Опел-астра" дар ҷои ҳодиса анҷомидааст.
Инчунин ду мусофири ноболиғи "Опел", сокинони шаҳри Истаравшан, соли таваллудашон 2004 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала