ИМА аз нахустин музокирот бо "Толибон"* дар Қатар хушҳол аст

© REUTERS \ Ibraheem al OmariПереговоры между правительством Афганистана и движением "Талибан" (запрещено в РФ) в Катаре
Переговоры между правительством Афганистана и движением Талибан (запрещено в РФ) в Катаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Обуна шудан
Департаменти давлатии ИМА муколама бо "Толибон"* дар Доҳаро ошкоро ва касбӣ меҳисобад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико музокироти дурӯза бо намояндагони "Толибон"* дар Қатарро мусбат арзёбӣ мекунад.
Сухангӯи Департаменти давлатӣ Нед Прайс пас аз мулоқот бо "Толибон"* аллакай дар ин бора як изҳороти хаттӣ додааст.

"Муҳокимаҳо ошкоро ва касбӣ буданд ва ҳайати ИМА бори дигар тасдиқ кард, ки *Толибон"* на танҳо бо суханонашон, балки бо амалҳояшон баҳо дода мешаванд",-гуфта мешавад дар паём.

Прайс қайд кард, ки ҷониби Амрико ба мавзӯи амният ва мубориза бо терроризм, ҳуқуқи инсон, инчунин хориҷ кардани шаҳрвандони амрикоӣ, хориҷӣ ва афғонҳое, ки ба онҳо аз кишвар кумак кардаанд, дахл кардааст.
Бояд қайд кард, мубоҳисаҳои дурӯза, ки рӯзҳои 9-10 октябр бо иштироки ҳайатҳои ИМА ва "Толибон"* дар Қатар баргузор шуданд, аввалин тамоси сатҳи баланди ин гурӯҳ ва баъзе аз кишварҳои ҷаҳон пас аз ишғоли қудрат дар Кобул ва хуруҷи амрикоиҳо аз Афғонистон аст.
Маълум аст, толибҳо ҳам ин мулоқотро босамар ва муваффақ номиданд ва изҳори умедворӣ карданд, ки ин тамосҳо ба эътирофи ҳаракат аз ҷониби ИМА мусоидат хоҳанд кард.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Аз мо нест, ҷаълӣ аст": "Толибон"* эълони миллионии худро рад кард
Илова бар ин "Толибон"* гузориш дод, ки ИМА мустақиман ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона ваъда кардааст.
Қаблан аъзои "Толибон" дар Доҳа бо муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ мулоқот карданд.
Қатар низ барои ҳамкорӣ бо Афғонистон изҳори омодагӣ кардааст.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0