Мушакпартоии неруҳои дарёии Русия дар баҳри Ҷопон - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия навори партобҳои мушаки нерӯҳои баҳрии кишварро нашр кардааст
Партобҳои мушакро киштиҳои нерӯҳои дарёии уқёнуси Ором, дар баҳри Ҷопон анҷом доданд.
Киштии низомии саҳнаш зиреҳпӯши дараҷаи аввал - "Варяг" ва киштии "Адмирал Трибутс" дар размоиши нақшавӣ дар баҳри Ҷопон иштирок карданд.
Зимни ин размоиш аз киштиҳо мушакҳои зенитӣ партоб шуд. Ин мушакҳо, ки алайҳи ҳадафҳои ҳавоӣ ба кор бурда шуданд, аз маҷмуаҳои "Форт", "Кинжал" ва "Оса" иборат буданд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, машқи мудофиаи ҳавоӣ дар доираи санҷишҳои ниҳоӣ дар мавсими тобистон амалӣ шуд.
Дар маҷмуъ партоби 10 мушак амалӣ гардидааст. Дар ин размоиш 12 киштии ҷангию таъминотии нерӯҳои баҳрии уқёнуси Ором иштирок кардаанд, хабар дод Вазорати мудофиа.
Лентаи хабарҳо
0