Қарзи маош дар Суғд 19 миллион сомонӣ боқӣ мондаст: Кӣ ҳаққи кормандонро намедиҳад?

© Sputnik / Стас ЭтвешКошелек с деньгами, архивное фото
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Суғд мегӯяд, бо вуҷуди коҳиши қарзи маош дар вилоят ҳанӯз ҳам миллионҳо сомонӣ аз музди кормандон пардохт нашудааст
ДУШАНБЕ, 11 окт – Sputnik. Камолҷон Толибзода, сардори раёсати Хадамоти назорати давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд гуфт, тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ қарзи музди меҳнат ҳудуди 600 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Соли гузашта қарзи маош дар вилоят 20, 4 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда буд.

“Аз оғози сол то ин вақт бештар аз 600 ҳазор сомонӣ музди маоши кормандони соҳаҳои гуногун рӯёнида шудааст. Ҳоло ҳаҷми қарзи музди меҳнат зиёда аз 19 миллион сомонист”, - гуфт Толибзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол раёсати Хадамоти назорати давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд инчунин бузургтарин корхонаҳои қарздор аз кормандонро эълон кард.
"ҶСК “Комбинати маъдантозакунии шаҳраки Адрасмон” аз соли 2013 ба ин тараф аз кор бозмондааст ва аз ин ҳисоб ҳар моҳ на кам аз 200 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнат меафзояд. Ҳудуди 60% -и қарзи маош аз ҳисоби ҳамин корхона аст”, - изҳор дошт Толибзода.
Мужчина держит в руках деньги, афгани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
"Толибон"* барои пардохти маоши кормандон комиссия таъсис додаанд
Ба иттилои ӯ, ҶСК “Тамохуш”-и шаҳри Исфара бо 2,5 миллион сомонӣ ва КВДК “Хуҷандводоканал”-у КВДК “Нақлиёти мусофиркашон”-и шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи корхонаҳое мебошанд, ки аз ҳисоби маоши кормандон беш аз 3 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала