Роҳандозии ташхиси ройгони коронавирус дар Маскав

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксГород москва, вид на международный деловой центр, архивное фото
Город москва, вид на международный деловой центр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Дар Маскав 20 ҷойи махсус барои ташхиси фаврӣ ва ройгони коронавирус фароҳам шудааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ташхиси ройгони коронавирус дар бархе аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои чандманзура дар Маскав дастрас мебошад, иттилоъ дод Анастасия Ракова, ноиби шаҳрдор.
Сокинони Маскав аз рӯзи душанбеи 11 октябр метавонанд дар 10 дафтари "Ҳуҷҷатҳои ман" ё худ "Мои документы" ва 10 ҷойи машҳури ҷамъиятӣ, аз ҷумла марказҳои тиҷоратӣ, ГУМ ва фудмолли "Депо" аз ташхис гузаранд.
Ба гуфтаи Ракова, чунин санҷиши оммавӣ имкон медиҳад, ки табобати саривақтӣ оғоз шаваду аз бад шудани вазъи сиҳатии сокинон ҷилавгирӣ шавад.
Руководитель фракции ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Жириновский пандемияро бо ҷанги шаҳрвандӣ муқоиса кард
Тамоми сокинон сарфи назар аз син метавонанд аз ташхиси COVID-19 гузаранд. Барои гузаштан аз ташхис дар ин гуна ҷойҳо бузургсолон бояд бо худ шиноснома ва кӯдакон шаҳодатномаи таваллуд дошта бошанд.
Муроҷиаткунанда тайи 15 дақиқа аллакай метавонад натиҷаи ташхисашро гирад ва сатҳи дақиқии чунин ташхис 85 дарсад арзёбӣ шудааст.
Дар сурати натиҷаи мусбати коронавирус дар худи ҳамон ҷо санҷиши ПСР гузаронда мешаваду беморро фавран ба хона мефиристанд, то эҳтимоли иртиботаш бо атрофиён кам шавад. Беморро зарур аст, ки то муайян шудани натиҷаи ташхиси ПСР, ки як шабонарӯз вақт мегирад, дар хона бимонад. Натиҷаи санҷиш тариқи паёмак фиристода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала