Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Русия барои муҳоҷирон имтиҳони нав роҳандозӣ мекунад

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузаштан ба хазинаи аксИностранные студенты на занятиях в лаборатории электронной микроскопии Медицинской академии имени С. И. Георгиевского в Симферополе.
Иностранные студенты на занятиях в лаборатории электронной микроскопии Медицинской академии имени С. И. Георгиевского в Симферополе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Дар Русия барои табибони муҳоҷир, ки маълумоти тиббӣ дар берун аз қаламрави ин кишвар гирифтаанд, имтиҳони нав таҳия шудааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия низоми имтиҳони ҷадидро барои табибоне, ки дар хориҷ таҳсил кардаанду хоҳиши кор дар кишварро доранд, таҳия намудаст, хабар дод "Коммерсантъ".
Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустӣ санади наверо омода кардааст, ки тартиби имтиҳонсупории табибони муҳоҷирро муайян менамояд. Феълан ин ҳуҷҷат барои сабти расмӣ ба Вазорати адлияи Русия ирсол шуда, баъди сабт барои баррасии оммавӣ дастрас хоҳад буд.
Прибытие поезда. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Русия
Русия вуруд ва хуруҷи муҳоҷиронро осон мекунад
Бар асоси тартиботи ҷадид, табибони хориҷӣ дар муассисаҳои тандурустии Русия танҳо дар ҳолатҳое метавонанд кор кунанд, ки санади тасдиқкунандаи тахассусро дошта бошанд. Инчунин онҳо имтиҳони махсусро тибқи тартиби муқарраркардаи "Росздравнадзор" бояд супоранд.
Масъалаи табибони хориҷӣ дар Русия баъди тасмими Вазорати меҳнати кишвар барои васеъ кардани феҳрасти мутахассисони хориҷие, ки бояд ба кишвар ҷалб гарданд, матраҳ шудааст.
Ба ин феҳраст 33 ихтисос илова шуд, ки дар ин миён 6 ададашон тиббӣ мебошанд. Аз ҷумла ҷарроҳи атфол, табиби бемориҳои сироятӣ, қалб, ревматолог ва ҳамшираи шафқат ба ин феҳраст шомил шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала