Русия ҳамлаи террористӣ дар масҷиди шиаҳо дар Афғонистонро маҳкум кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи аксМинистерство иностранных дел России
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як изҳорот ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиди шиаҳо дар Кундузро маҳкум кардааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Русия ҳамла ба масҷиди шиаҳо дар Кундузи Афғонистонро амали ваҳшиёна хонд, ки ҳадафаш ноором кардани вазъи Афғонистон мебошад.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як изҳорот таъкид намудааст.
"Қотеона ҳамлаи рӯзи 8-уми октябр дар масҷиди шиаҳо дар шаҳри Кундузро маҳкум мекунем. Инро як амали ваҳшиёнае медонам, ки ҳадафаш ноором кардани Афғонистон дар марҳилаи нави таърихи он, халалдор кардани азми нерӯҳои манфиатдор дар мусолиҳаи байниафғонӣ ва истиқрори ризоияти байни миллатҳою мазҳабҳо мебошад", - омадааст дар изҳори ВУХ.
Маврид ба зикр аст, ик дар пайи ҳамла ба масҷиди шиаҳо дар музофоти Кундуз ҳадди ақал 120 нафар кушта шуда, ҳудуди 150 нафар маҷруҳ гашт. Масъулияти инфиҷор дар масҷидро созмони террористии ДИИШ* ба уҳда гирифт, хабар доданд расонаҳо.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Вокуниши Карзай ба инфиҷори масҷиди шиаҳо
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷии Русия изҳори умед кардааст, ки ҳукуматдорони ҷадид дар Афғонистон чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард, то дастандаркорони ин амали террористӣ муҷозот шаванд. Русия инчунин изҳори умед ба иқдом барои решакан кардани хатари террористҳои ДИИШ* дар Афғонистон кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки нимаи моҳи августи соли равон ҳукумат дар Афғонистонро созмони террористии "Толибон"* ғасб карда, эълон намуд, ки аморати ба ном исломӣ хоҳад сохт.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала