Ситораҳои санъати тоҷик дар Порис ҳунарнамоӣ хоҳанд кард

© RUSSIAN.NEWS.CNДни Таджикской культуры в Китае
Дни Таджикской культуры в Китае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Пас аз 16 сол дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Қариб сад ҳунарманд аз Тоҷикистон барои ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги ҷумҳурӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба Фаронса парвоз мекунанд.
Тавре як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ин чорабинӣ 14 октябр дар Париж ба нақша гирифта шудааст.
Бори охир чунин консертро дар Аврупо ҳунармандон моҳи октябри соли 2005 намоиш дода буданд.
Гумон меравад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар Рӯзҳои фарҳанги тоҷикон дар ЮНЕСКО ширкат кунад.
"Ҳайати калони ҳунармандон бояд шаби 12 октябр аз Душанбе парвоз кунанд. Ҳоло охирин омодагӣ ва тамринҳои гурӯҳҳои рақсӣ идома дорад", - гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, ки санъати рақсро дар саҳнаи ЮНЕСКО ансамблҳои барҷастаи миллӣ - "Гулрез", "Зебо", "Ҷаҳоноро" ва "Лола" муаррифӣ хоҳанд кард.
Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Давлатзода гуфт, дар кадом кишварҳо фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд
Илова бар ин сарояндагони машҳури мусиқии поп, фолклор ва опера дар Фаронса ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, ки миёнашон Нигина Амонқулова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафии Кароматулло ва Шарофат Усмонзода низ ҳастанд.
Илова ба барномаи консерт, дар доираи Рӯзҳои фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва наққошиҳо баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз апрели 1993 узви ЮНЕСКО шуд ва худи ҳамон сол дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО таъсис ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала