Гурӯҳи тоҷикистониёни дармонда дар Осетияи Ҷанубӣ ба Ватан баргардонда шуд

© Sputnik / Александр Кожохин / Гузаштан ба хазинаи аксРабота маршрутных такси, архивное фото
Работа маршрутных такси, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор дошт, ки тоҷикистониҳои дармонда дар Осетияи Ҷанубиро ба Ватан баргардонд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Гурӯҳи 18-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Схинвали дармонда буданд, ба Ватан баргардонда шуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як изҳорот гуфт, ин гурӯҳи 18-нафарӣ бо сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд. Омилҳои дармондани онҳо ба таври мушаххас зикр нагардидаанд.
Манбаъ афзуд, барои сафари ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуд ва таъкид кард, ки чунин мусоидат барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазам анҷом дода мешавад.
Ҳолатҳои дармондани муҳоҷирон дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия, қаблан низ рух дода ва махсусан дар шароити пандемия чунин муроҷиатҳо аз ҷониби муҳоҷирон афзоиш ёфта буданд.
Чанд моҳи қабл сафорати Тоҷикистон аз баргардондани як гурӯҳи 10-нафарии муҳоҷирон аз Осетияи Ҷанубӣ хабар дода буд, ки миёнашон занон ва кӯдакон низ буданд.
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Ташкилоти ҷамъиятии "Помир" дар Осетияи Шимолӣ мехоҳад ба муҳоҷирон кумак кунад
Дар бисёри ҳолатҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти кор ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия мераванд ва зимни бозгашт дар сарҳад дучори мушкил мешаванду дармемонанд. То ҳол бо мусоидати сафорат дар чанд ҳолат долони транзитӣ барои бозгашти шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон ба Ватан ташкил шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала