Вазорати адлия гуфт, Сайфуллоҳзодаро узви гурӯҳи Раҳмон Гитлер латукӯб кард

© Sputnik Амир ИсаевХикматулло Сайфуллозода. Архивное фото
Хикматулло Сайфуллозода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Вазорати адлия овозаҳо дар бораи шиканҷа шудани Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзодаро рад кард ва гуфт, ки ӯ бо як маҳбуси муноқиша кардааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Вазорати адлияи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи истифодаи шиканҷа нисбати Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии собиқ Ҳизби Наҳзати исломиро (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) рад кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин вазорат.
Дар изҳороти Вазорати адлия қайд шудааст, ки овозаҳо дар бораи шиканҷаи Сайфуллозода дар муассисаи ислоҳии 3/1 Вазорати адлия асос надоранд.
Илова бар ин гуфта мешавад, дар маҳбас санҷиш гузаронида шуда, ки дар натиҷаи он муайян шудааст, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода бо як маҳбуси дигар муноқиша кардааст.
Маълум шуд, ки 5 сентябри соли 2021 байни Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва узви собиқи гурӯҳи террористӣ Аслиддин Турсунов, ки бо ҷурми бандитизм ва гаравгонгирӣ маҳкум шудааст, дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задааст

"Дар натиҷа, Турсунов Аслиддин ба таҳқири Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода тоб наоварда, ӯро латукӯб кардааст",-омадааст дар иттилоияи Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Муайян карда шудааст, ки Турсунов қаблан узви гурӯҳи террористии Раҳмон Сангинов мулаққаб ба Раҳмон Гитлер будааст.
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Генерал Назарзода: ҷинояткорӣ дар пойтахт беш аз 10 фисад кам шуд
Бино ба иттилои Вазорати адлия, роҳбарияти муассисаи ислоҳӣ бинобар вайрон кардани тартиботи дохилӣ Турсуновро дар ҳамон рӯз барои адои ҷазо ба муддати 15 рӯз дар утоқи ҷазо ҷойгир кард.
Дар мавриди вазъи саломатии Сайфуллоҳзода бошад, ташхиси пешакии тиббӣ нишон додааст, ки ӯ осеби ҷисмонӣ надидааст ва ба ёрии тиббӣ муроҷиат накардааст.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода 70 сол дошта, дар гузашта сухангӯи ҲНИТ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) ва рабари нашрияии ҳизбии "Наҷот" буд. Ӯ соли 2015 боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала