Абдуллоҳ: Фирор ва инҳисоргароии Ғанӣ боиси суқути низом шуд

© Photo / ارگАбдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани
Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Обуна шудан
Абдулло мегӯяд, як қатор масъалаҳо боиси суқути низом шуданд, ки дар ҳамаи онҳо дасти Ашраф Ғанӣ ҳаст
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тақрибан ду моҳ пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии оштии миллӣ дар суҳбат бо "India Today" гуфт, ки фирори Ғанӣ сабаби асосии суқути ҳукумати пешин аст.
Ӯ бар ин бовар аст, ки фирори Ғанӣ сабаб шуд, то мардум ҳоло дар чунин шароите қарор гирад.
"Бо фирори Ғанӣ вазъияти кишвар мубаддал ба як ҳолати пур аз ҳарҷу марҷ гардид", - гуфтааст Абдуллоҳ.
Раиси пешини Шӯрои олии оштии миллӣ мушкилот дар низоми идоракунии ҳукумати пешин, фасод ва монополияи Ғаниро масъалаҳои муҳиме номид, ки байни мардум ва ҳукумати пешин фосила эҷод карда буд. Ба гуфтаи Абдулло, ин масъалаҳо дар ниҳоят боиси суқути низом шуданд.
Рахматулла Набил, бывшый глава службы безопасности Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Набил: Ғанӣ ва Муҳиб дар фурӯпошии низом даст доштанд
"Бояд бигӯям, ки мушкилот дар система зиёд буд, ки дар он шубҳае нест. Аз ҷумла интихоботи носолими паси ҳам, адами эътимоди Ғанӣ болои мардум ва раҳбарони кишвар, ки бояд дар аксари вақт онҳо ӯро муқассир донист. Фасоду масофаи байни мардуму ҳукумат сабаби суқути низом шуд", - гуфт Абдулло.
Роҳбари пешини Шӯрои олии оштии миллӣ имзои Созишномаи Доҳа байни ИМА ва "Толибон"*-ро сабаби набудани сулҳ дар Афғонистон медонад. Ба гуфтаи ӯ, як қатор бандҳои созишнома хеле заиф буданд.
Имзои тавофуқнома дар Доҳа миёни Амрико ва "Толибон"* ба гунае ки дӯстони амрикоии мо дар даруни ҳукумати он кишвар ва ҳама ҷонибҳои дахил бо он мухолифат мекарданд, мунҷар ба нопойдории сулҳ дар Афғонистон гардид
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Муҳофизи собиқи раисҷумҳур гуфт, сабти фирори Ғанӣ бо миллионҳо долларро дорад
Президенти собиқи Афғонистон рӯзи 15-уми август, дар пайи омадани "Толибон"* пушти дарвозаҳои Кобул аз пойтахт фирор кард.
Гуфта мешавад, Ғанӣ ҳамроҳ бо чанд тани дигар аз тимаш 169 миллион доллари буҷаро бо худ бурдаанд, аммо ӯ ин иддаоро пас аз ду рӯзи фирораш рад кард.
Ахиран ИМА низ гуфт, ки қазияи пулҳои рабудаи Ғаниро таҳқиқ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0