Ба пеш, ба сӯйи 10 миллион! Аҳолии Тоҷикистон чӣ қадар зиёд шуд?

© Фото : пресс-служба президента РТТаджикские дети в одежде из атласа
Таджикские дети в одежде из атласа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Обуна шудан
Агентии омори Тоҷикистон теъдоди аҳолӣ дар кишварро эълон намуд. Тайи 50 соли ахир аҳолии Тоҷикистон беш аз 3 маротиба зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Агентии омори Тоҷикистон аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар саросари Тоҷикистон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилиро ба анҷом расонд, ки 12 октябр натиҷаҳояш эълон шуданд.
Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон, дар як маҳфили эълони натиҷаҳои ин маърака гуфт, аз рӯи маълумоти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Тоҷикистон то як октябри соли 2020 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафарро ташкил дод.
"Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 2 миллиону 97, 1 ҳазор нафар ё 27,7% ва нисбат ба маълумотҳои шумораи аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 бошад, 347,8 ҳазор нафар ё 3,7% зиёд шудааст", - гуфт Гулнора Ҳасанзода.
Бино ба иттилои Агентии омор, то 1 октябри соли 2020 аҳолии шаҳрҳо 2 миллиону 528, 6 ҳазор ё 26,2% ва аҳолии деҳот 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро ташкил медиҳад.
Теъдоди мардҳо ба 4 миллиону 901 (2010 – 3 миллиону 817) ҳазор ва занҳо 4 миллиону 760 (2010 – 3 миллиону 745,5) ҳазор нафар расидааст.
Демографическая обстановка в Таджикистане в первом полугодии 2021-го - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Марг каму зоиш зиёд: афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон
Фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон” 30 сентябри соли 2020 ба имзо расида буд.
Афзоиши ташвишзои аҳолии Тоҷикистон
Ин барӯйхатгирӣ бо ҳимояти Сандуқи ҷамъияти СММ (UNFPA), тибқи Барномаи тақвияти омори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барои давраи 2020-2023 анҷом шуда, тавассути ҳукумати Русия ба маблағи 2.15 миллион доллар сармоягузорӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0