Аврупо марзҳои Тоҷикистонро бо Афғонистон тақвият мекунад

© AP / Burt HermanНа таджикский-афганской границе, архивное фото
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Иттиҳоди Аврупо зарурати тақвияти амният дар Афғонистон ва Осиёи Марказиро эълом кард
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷа ва сиёсати амният Ҷозеп Боррелл барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат гузориш медиҳад.
Иштироккунандагони музокироти Брюссел ба таҳкими амният дар Афғонистон, Тоҷикистон ва дар саросари Осиёи Марказӣ тамаркуз карданд.

"Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷозеп Боррел ба талошҳои муштараки босамари ҷонибҳо дар ин самт, бахусус тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таъкид карданд", - хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Боррелл ишора кард, ки ИА ба таҳкими робитаҳои минтақаӣ манфиатдор аст. Рушди ҳамкориҳо ба яке аз мавзуъҳои нишасти қарибулвуқуи вазирони хориҷаи G5 + 1 дар Душанбе табдил хоҳад ёфт.
Илова бар ин иштирокчиёни чорабинӣ натиҷаҳои мусбати ҳамкорӣ дар бахши энергетикаро қайд карданд.
Пограничники на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Таҳсин аз вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон
"Барои таҳкими робитаҳо иҷрои созишномаи шарикӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин пайвастани ҷумҳурӣ ба системаи имтиёзҳои гумрукӣ барои содирот ба Аврупо зарур аст", - таъкид шудааст зимни мулоқот.
Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо ва аъзои он барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии марбути об аз тарафи Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Дар навбати худ Боррелл нақши муҳими ҷониби Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти об ва рафъи оқибатҳои тағирёбии иқлим муҳим арзёбӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала