Президент Белгияро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо хонд: дидори Раҳмон бо Филипп

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Белгия Филипп
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Белгия Филипп  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Масоили ҳамкориҳои дуҷониба, мубориза бо терроризм ва субот дар Афғонистон аз мавзуотии калидии мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон ва подшоҳи Белгия будааст
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Белгия Филипп мулоқот карда, он кишварро яке аз мамлакатҳои калидии қитъаи Аврупо, кишвари дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо хондааст, хабар медиҳад, котиботи раисҷумҳур.
Президенти Тоҷикистон соҳаҳои энергетика, бахшҳои мухталифи саноат ва ҷалби технологияҳои муосир ба иқтисоди Тоҷикистонро аз ҷумлаи самтҳои ояндадори шарикии ду кишвар номидааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои робитаҳои кишварҳоро дар сатҳи минтақавӣ муҳокима карданд, аз иқдомҳои ҳамдигар дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намудаанд.
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Аврупо марзҳои Тоҷикистонро бо Афғонистон тақвият мекунад
Раҳмон ва Филипп аз қабули барнома ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он, табодул афкор намуда, таъкид кардаанд, ки амнияти кишварҳои ОМ бо таъмини субот дар Афғонистон иртибот дорад.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошад ва Созмони Милали Муттаҳид бояд дар пешбурди ин раванд нақши калидӣ дошта бошад.
Эмомали Рахмон с Председателем Палаты представителей Федерального парламента Бельгии Элиан Тилье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Раҳмон хонум Тилйёро ба Душанбе даъват кард: Ӯ аз робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуд
Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуда, ҷонибҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ намуданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибер-ҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот президенти Тоҷикистон подшоҳи Белгияро барои боздиди расмӣ аз Тоҷикистон, даъват кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала