Болоравии рекордии рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Аз аввали моҳи октябр рубл нисбат ба пули миллӣ 3 сомонӣ боло рафт ва арзиши ҳадди болоии имсоларо нишон дод
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон қурби пули русӣ бо суръати рекордӣ боло рафт.
Ҳамин тариқ, тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳазор рубл ба 157 сомонӣ баробар шудааст. Ҳарчанд як рӯз пеш ин шохис ба 156 сомонӣ мерасид.
Тамоюли болоравии рубл дар тӯли ду ҳафта мушоҳида шуд, зеро дар аввали ҳамин моҳ ҳазор рубл 154 сомонӣ арзиш дошт.
Дар мавриди долари амрикоӣ бошад, БМТ онро дар сатҳи нисбатан муътадил нигоҳ медорад - 11,29 сомонӣ барои як доллар. Ин асъор устувории қаблиашро аз даст медиҳад.
Сжигание стодолларовой купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Шароите, ки долларро "дафн" мекунад, гуфта шуд
Пас аз коҳиши тӯлонӣ, пули аврупоӣ дар сатҳи 13,07 сомонӣ барои як евро қарор гирифт, ки поинтарин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, Бонки миллӣ қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷи гумрукӣ муайян мекунад.
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон болотар буда, аз ин созмонҳои молӣ барои 1000 рубл беш аз 158 дарёфт мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала