Эъломияи нав: Аҳмад Масъуд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ хост ва Ғаниро чӣ гуфт?

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон зимни як эъломия аз мардуми кишвараш хостааст, ки истодагарӣ алайҳи режими “Толибон”*-ро идома диҳанд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Вай тақозо кардааст, ки барои наҷоти кишвараш дар ин марҳалаи душвор иттиҳод ва ҳамбастагии худро ҳифз кунанд ва аз ҷониби худ ваъда додааст, ки то расидан ба ҳадафҳои машруъ ва барҳақи мардуми хеш аз мубориза ва муқовимат даст бар нахоҳад дошт.
Дар матни ин эъломия, ки аз сӯйи дафтари матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуд, Аҳмад Масъуд нахуст аз муқовимат ва истодагии мардум дар баробари “таҳоҷум, террор, ҷанг, ҷаҳолат, зулм ва ишғол” сипосгузорӣ кардааст.
Афганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Ғанӣ Андаробӣ: Таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд дар муқобили "Толибон"* устувор истодаем
Эътирозҳои пайи ҳаму густурдаи мардумӣ ва мадании шумо дар шаҳрҳои Афғонистон ва гӯша-гӯшаи ҷаҳон, ки дар пайи фарохони муқовимати сартосарӣ анҷом ёфт ва аз ҷону амнияти хеш дар ин роҳ моя гузоштед, фасли ҷадидеро дар таърихи ин сарзамин ва муносиботи дохиливу хориҷии кишвар гушуд, гуфтааст Масъуди хурдӣ.
"Фарёди баланди адолатхоҳии занону хоҳарони шуҷоъ ва боҳимматамон дар баробари зулм, табъиз, истибдод, ҷуғрофияи муқовиматро сартосарӣ сохт ва ба як доияи милливу инсонӣ мубаддал намуд”, - гуфтааст раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.
Вай афзуд, ин ҳама муқовимат ва истодагариҳои мардум дар матни таҳаввулоти геополитикии бузурги минтақа умед ва уфуқи тоза барои сарзамину миллати Афғонистон офарида, Ҷабҳаи муқовимат дар ин масир бо мардум то охири роҳ ва пирӯзии ниҳоӣ ҳаракат хоҳад кард.

“Натиҷаи истодагӣ ва эътирозоти шумост, ки ҷаҳон аз ба расмият шинохтани "Толибон"* имтиноъ намуд" – гуфтааст Аҳмади Масъуд.

Вай гуфтааст, Ҷабҳаи муқовимат аз мавзеъгириҳои мантиқӣ ва муносиби кишварҳои ҷаҳон дар қиболи расмият надодан ба идораи толибонӣ ва таъкид рӯи ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон истиқбол менамояд ва интизор меравад, ки ин сиёсати адами шинохт бо қотеият ҳамчунон идома ёбад.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аҳмад Масъуд: Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро идома медиҳад ва ба Афғонистон сулҳ меорад
“Бидуни шак, Афғонистон ниёзманди ташкили як давлати воқеии фарогир, бархоста аз иродаи миллат ва муташаккил аз ақвоми мутанаввеъ мебошад, то аз ҳуқуқи асосӣ ва мутолиботи воқеии мардум намояндагӣ карда битавонад”, - гуфтааст Аҳмади Масъуд.

Аз ҷомиаи ҷаҳонӣ чӣ хост?

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар идомаи суҳбаташ ба амалкардҳои қариб думоҳаи “Толибон”* руҷуъ намуда, мегӯяд, онҳо бо идомаи иртикоби ҷароиму ҷиноёт, куштори золимонаи мардуми мулкӣ ва мансубини низомӣ, саркӯбгарӣ ва эъдомҳои саҳроӣ, ғасбу чаповули дороиҳои омма, таҷовуз бар ҳарими шахсии мардум, аъмоли сиёсати табъиз, таассубу таҳаҷҷур ва даҳҳову садҳо рафтори хашини дигар талош доранд, то садои ҳақталабона ва озодихоҳонаи моро хомӯш созанд.
“Қатли оми намозгузорон дар масҷиди ҷомеи Сайидободи Кундуз, кӯч доданҳои иҷбории мардуми мулкӣ аз хонаҳо ва амлокашон, бавижа дар вилоятҳои Кандаҳор, Балх, Дойкундӣ ва минтақаи Андаробҳо, нопадидсозии афрод ва қатлҳои дастаҷамъӣ дар вилояти Панҷшер ҳама мисдоқҳои равшани ҷароими ҷангӣ, наслкушӣ, поксозии қавмӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст”, - гуфтааст Аҳмад Масъуд.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
“Даҳшати ногуфтанӣ”: инфиҷори масҷиди шиаҳо дар Кундуз
Рӯи ҳамин мулоҳизот Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз созмонҳо, муассисот, ниҳодҳои миллӣ ва байналамлалӣ тақозо кардааст, то иқдомоти лозиму оҷилро ҷиҳати расидагӣ ба вазъи риққатбори башарӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсонӣ ва хатми ҷиноёти ин гурӯҳи террористӣ рӯи даст гиранд.

Бо кӣ ҳамкорӣ мекунад?

Дар идома Аҳмади Масъуд ба далоили суқути ҳукумати қаблии Афғонистон ва ҷон гирифтани терроризми ҷаҳонӣ пардохта гуфтааст, як далел тавофуқоти пинҳонӣ дар ҷараёни музокирот бо "Толибон"* ва зери чатри мусолиҳаи миллӣ ва дигар далел - таслимдиҳии ҳукумат ба "Толибон"* тавассути Ашраф Ғанӣ ва фирори вай бо пули мардум, ки мисдоқи хиёнати миллӣ аст, сабаби фурӯпошии низом, аз байн рафтани дастовардҳои мардум ва суқути Афғонистон ба домани ифротгароӣ ва терроризми хунхор гардидааст.
“Ҷабҳаи муқовимати миллӣ хостори низоме аст, ки ба иродаи мардум ва тавассути прусаи машруъ ва қонунӣ рӯйи кор омада бошад”, - гуфтааст раҳбари Ҷабҳаи муқовимат.
Рахматулла Набил, бывшый глава службы безопасности Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Набил: Ғанӣ ва Муҳиб дар фурӯпошии низом даст доштанд
Вай гуфтааст, Ҷабҳаи муқовимат барои ҳифзи машруият ва тасбити ҷойгоҳи муаззами Афғонистон дар ҷаҳон талош мекунад, дар ҳамкорӣ бо тамоми неруҳои матраҳи кишвар, аз қабили раҳбарони сиёсӣ ва шахсиятҳои ҷиҳодӣ, чеҳраҳои хушноми низоми қаблӣ, намояндагони мардум дар парлумон, уламои ростини кишвар, занони далер, бузургон ва мутанаффизини ақвом, фармондеҳону афсарони шуҷои низомӣ, андешаварзон ва нухбагони фарҳангӣ иқдомоти лозими худро дар маҳори буҳрони ношӣ аз фурӯпошии низом рӯйи даст гирад.

“Ҷабҳаи муқовимат барои гузор аз вазъияти мавҷуд ба вазъияти матлуб саъй менамояд, то Худо бихоҳад, рӯзе шоҳиди баргардондани машрӯият ва сулҳи пойдор ба Афғонистон бошем”, - гуфтааст Аҳмади Масъуд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон як нерӯи мухолифи ҳукумати “Толибон”* аст, ки ба намояндагӣ аз хезишҳои мардумӣ, фармондеҳони ҷиҳодӣ ва сарбозу афсарони ҳукумати қаблии Афғонистон моҳи августи соли равон эъломи мавҷудият кард ва Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд ва фармондеҳи муқовимати аввал (1996 – 2001) раҳбари он интихоб шуд.
Аввалин ҷангҳояшро бо “Толибон”* дар оғози моҳи сентябр дар вилояти Панҷшеру минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон ва кӯҳистоноти вилоёти Каписову Парвон шуруъ карда, аввалин шикастро мутаҳаммил шуд, аммо фурӯ напошид. Ҳоло нерӯҳои ҷабҳа дар дараҳои Панҷшеру Андаробҳо паноҳ бурда, бо “Толибон”* меҷанганд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала