Аз Ҳондурас то Никарагуа: Ҳукумати Тоҷикистон визагириро барои 14 кишвари дигар сода кард

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийские паспорта, архивное фото
Российские паспорта, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат феҳрасти кишварҳоеро, ки шаҳрвандонашон метавонанд сода раводиди сафар ба Тоҷикистонро гиранд, васеъ намуд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ҳукумат ба феҳрасти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ҳаққи гирифтани раводиди сафар ба Тоҷикистон аз тариқи низоми содакардашударо доранд, 14 давлати дигарро илова намуд.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки охири моҳи сентябри соли равон имзо гардид, дар маҷмуъ шаҳрвандони 125 давлат метавонанд осону сода раводиди сафар ба Тоҷикистонро гиранд.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Таъсиси чор ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Дар миёни 14 кишвари ҷадиди ин феҳраст Шоҳигарии Камбоҷа, Бутан, Ҳондурас, Кабо-Верда, Нигарагуа, Гана, Камерун, Бенин, Танзания, Кения, Лаос, Конго, Бангладеш ва Буркина Фасо зикр шудаанд.
Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон низоми раводидро барои аксари кишварҳои ҷаҳон сода кардааст. Бар асоси қарори ҳукумат, раводид бояд давоми на бештар аз 20 рӯз баррасӣ ва дода шавад. Дар бархе ҳолатҳо баррасии дархости раводид метавонад тамдид гардад, аммо муқаррар шудааст, ки муҳлати тамдид набояд беш аз 10 рӯзро ташикл диҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала