Лавров: ИМА талош дорад, масъулияти вазъи Афғонистонро бори кишварҳои ҳамсоя кунад - видео

Вазири умури хориҷии Русия гуфт, НАТО талош дорад, масъулияти вазъ дар Афғонистонро ба дӯши ҷомеаи байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя гузорад
ИМА ва НАТО талош доранд, вазъи Осиёро "гарм" кунанд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳор дошт.
Пас аз тарки Афғонистон Ғарб мекӯшад, ба қаламрави кишварҳои ҳамсояи ин ҷумҳурӣ ворид шуда, ин кишварҳоро гирифтори мавҷи паноҳандаҳо кунад.
Ба гуфтаи Лавров, вазъи геополитикии минтақа на беҳтар мешавад, балки танҳо печидатар мегардад.

"Мо талошҳои барқасдона барои "гарм кардани вазъ", вайрон кардани механизмҳои мавҷудаи ҳамкории байнидавлатиро мебинем", - таъкид кард вазири корҳои хориҷии Русия.

Ӯ ишора кард, ки НАТО аз масъулият барои оқибатҳои будубоши 20-сола дар Афғонистон канорагирӣ мекунад. Лавров афзуд, ки иттиҳод талош дорад, масъулияти ҳалли мушкилоти ҷумҳуриро ба гардани ҳамсоягон ва ҷомеаи байналмилалӣ бор кунад.
Илова бар ин вазири умури хориҷии Русия ёдовар шуд, ки нерӯҳои хориҷӣ пас аз тарки Афғонистон дар ин кишвар миқдори зиёди аслиҳа, аз ҷумла техникаи низомиро боқӣ гузоштанд.
Мавқеи шартӣ: Маскав зидди ҷойгиркунии нерӯҳои амрикоӣ дар ОМ
"Муҳим аст, ки онҳо барои мақсадҳои мухарриб истифода нашаванд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки МҲТБО бо ташаббуси Қазоқистон соли 1992 таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии форуми байнидавлатӣ фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи чораҳо дар соҳаи таъмини амният дар Осиё мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала