Мард қариб ним миллион сомонӣ дод, то дорухонаро барояш ҳуҷҷатгузорӣ кунанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото
Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Марде, ки қариб ним миллион сомонӣ дод, то дорухона дар даромадгоҳи беморхона барояш ҳуҷҷатгузорӣ шавад, ахиран ба мақомоти милиса муроҷиат намуд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. ВУД Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи зани 43-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар додааст, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ин зан, ки қаблан барои авбошӣ, монеъ шудан ба таҳсили ҳатмӣ ва ғайриқонунӣ ба шавҳар додани духтари ноболиғ маҳкум шудааст, аз марде қариб ним миллион сомонӣ маблағ гирифтааст.
Аптека в Согдийской области Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Хуруҷи дубораи коронавирус нархи бархе аз доруҳоро дар Тоҷикистон боло бурдааст
Тавзеҳ дода шудааст, ки зани муттаҳам аз соли 2010 то моҳи майи соли 2019 аз марди 47-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмуъ 470 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Бар асоси иттилоияи ВУД, зан бар ивази ин маблағ ваъда додааст, ки дорухонаи навбунёд дар даромадгоҳи марказии саломатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барояш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад.
Инчунин зикр шудааст, ки ин зан аз марди 47-сола, сокини ҷамоати деҳоти Исфисор як адад мошини "Хонда-СRV", ки арзишаш 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад. Назари худи муттаҳам ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала